Дар Ҳаити бар асари офати табиӣ 42 нафар ҳалок шуд
ДУШАНБЕ, 06.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҳаити боронҳои шадиду тӯлонӣ ба амал омад, ки боиси обхезии шадид гардид. Ҳалокшудагони ин офат 42 нафарро ташкил дода, 11 нафар бедарак ва зиёда аз 13300 нафар бе сарпаноҳ монд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.
Мувофиқи маълумоти Идораи ҳифзи шаҳрвандии Ҳаити, офати табиӣ ба 7475 оила таъсир расондааст. Беш аз ҳафт ҳазор хона зери об мондааст. Шаҳри Леоган, ки дар Ҷануби Порт-о-Пренс ҷойгир мебошад, аз ҳама бештар хисорот дидааст. Дар маҳалли аҳолинишин 11 нафар ҳалок гардидааст.
Гурӯҳи вокуниши фавқуллода, волонтёрон ва наҷотдиҳандагони СММ осебдидагонро бо сарпаноҳ, ғизо ва оби ошомиданӣ таъмин менамоянд.
Қаблан дар бораи 15 ҳалокшуда бар асари обхезии шадид дар Ҳаити хабар расида буд. Дар қисмати марказии ин мамлакат ба киштзор хисороти калон расидааст. Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, боришот чанд рӯзи дигар идома хоҳад кард.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Fernando Llano /AP/ TASS








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






