Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ду маркази таълимии инноватсионӣ – рақамии бонкӣ ифтитоҳ гардид
ХУҶАНД, 05.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ду «Маркази таълимии инноватсионӣ – рақамии бонкӣ» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи номбурда хабар доданд.
Гуфта шуд, ки имрӯз таҳаввулоти куллӣ дар низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст, ки минбаъд бидуни усулҳои инноватсионӣ таъмини сифати дилхоҳи таҳсилот имконнопазир мешавад. Истифодаи самараноки васоити муосири техникӣ дар баробари таъмини сифати таҳсилот барои идомаи таҳсили донишҷўён дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигар, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳон ва татбиқи намудҳои гуногуни таҳсилот нақши муассир дорад.
Бо назардошти чунин омилҳо, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот ва тайёр намудани мутахассисони касбии ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат нигаронида шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки мақсади таъсиси марказҳои таълимии инноватсионӣ – рақамии бонкӣ, ин татбиқи сиёсати иқтисодӣ – молиявӣ, пулию — қарзӣ ва асъорӣ дар низоми бонкӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон таълими муҳимтарин фанҳои замонавӣ дар заминаи умумидавлатии низоми бонкӣ, татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалияи фаъолияти низоми бонкӣ, барқарор намудани робитаҳои илмиву касбӣ бо муассисаҳои қарзӣ, бонкҳои тиҷоратӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Ҳамзамон дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ озмоишгоҳи «Рушди барвақтии кӯдак» ва ҳуҷраи «Ташхис ва баҳогузории психологӣ-педагогии кӯдак» ифтитоҳ гардид.
Гуфта шуд, ки дар озмоишгоҳ ба минтақаҳо ҷудо карда шуда, минтақаи якум инкишофи нутқи кӯдаконро сайқал медиҳад. Ҳамчунин маводи зарурӣ барои инкишофи нутқ ҷамъ оварда шуда, мутахассисон бо кӯдак машғулияти амалӣ мегузаронанд.
Минтақаи дуюм мувофиқи таълимоти олими итолиёвӣ Мария Монтосори ба роҳ монда шуда, ҳамзамон минтақаи инкишофи бозиҳои сенсории кӯдак ва минтақаи кори инфиродии мутахассис бо кӯдак тасниф шудааст.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






