Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ ва татбиқи низоми ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи воситаҳои муосири хизматрасониҳои давлатӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Яке аз чунин воситаҳо барномаи мобилии «ИМЗО» мебошад, ки барои айнияткунонии шахсияти шаҳрвандон, тасдиқи маълумоти биометрӣ ва имзои ҳуҷҷатҳои электронӣ пешбинӣ шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, шаҳрванде, ки мехоҳад тавассути портали ekhizmat.tj барои гирифтани маълумотнома ё хизматрасонии дигари давлатӣ муроҷиат кунад, метавонад бо барномаи мобилии «ИМЗО» шахсияти худро тасдиқ намуда, ба утоқи шахсӣ ворид шавад. Барои гузаштани айнияткунонии фосилавӣ телефони ҳушманд, пайвастшавӣ ба интернет ва шиносномаи намунаи нав (ID-корт) зарур аст.
Барномаи «ИМЗО» барои тасдиқи шахсият, воридшавӣ ба низомҳои электронии пайвастшуда ва имзои электронии ҳуҷҷатҳо пешбинӣ шудааст. Ин имконот дар марҳилаҳои гуногуни муроҷиат истифода мешаванд. Тасдиқи шахсият имкон медиҳад, ки низом муайян намояд, ки кӣ ба кабинети шахсӣ ворид мешавад. Имзои электронӣ дар хизматрасониҳое истифода мешавад, ки барои пешниҳоди ариза ё ҳуҷҷат имзои муроҷиаткунанда зарур аст.
Барномаи «ИМЗО» барои телефонҳои дорои низомҳои оператсионии Android ва iOS дастрас аст. Онро аз Google Play ё App Store боргирӣ кардан мумкин аст. Тавре дар навори роҳнамо нишон дода шудааст, шаҳрванд барои гузаштани айнияткунонии фосилавӣ бояд ID-корти худро омода намуда, дар барнома бахши «Худшиносоӣ»-ро кушояд.
Қадами аввал — тасдиқи рақами телефон. Корбар рақами телефони мобилии худро ворид мекунад. Ба ин рақам тавассути SMS рамзи тасдиқ меояд. Пас аз ворид кардани рамз дар барнома корбар метавонад ба марҳилаи навбатӣ гузарад.
Қадами дуюм — аксбардории шиноснома. Бо камераи телефон дар дохили барнома аз тарафи рӯй ва пушти ID-корт ду акси алоҳида гирифта мешавад. Барои он ки навиштаҷоти ҳуҷҷат хонданбоб бошад, аксҳоро дар ҷойи равшан гирифтан лозим аст.
Қадами сеюм — гирифтани ду акси чеҳра. Аввал корбар бо шиноснома акси чеҳра (селфи) мегирад. Дар ин акс ҳам чеҳра ва ҳам ҳуҷҷат бояд намоён бошанд. Сипас корбар селфии алоҳида мегирад. Ин аксҳо барои санҷиши шахсияти муроҷиаткунанда истифода мешаванд.
Қадами чорум — санҷиш ва ирсоли аксҳо. Пеш аз ирсол корбар месанҷад, ки ҳар чор акси зарурӣ — рӯй ва пушти шиноснома, селфи бо шиноснома ва селфии алоҳида гирифта шудаанд. Сипас онҳоро тавассути барнома барои санҷиш мефиристад.
Пас аз тасдиқи маълумот вазъи корбар дар бахши «Танзимот» ба таври худкор аз «Айнияткунонии нопурра» ба «Айнияткунонии пурра» иваз мешавад. Шаҳрвандоне, ки ба кумаки рӯбарӯ ниёз доранд, метавонанд ҷойгиршавии маркази хизматрасониро дар харитаи дохили барнома бубинанд.
Яке аз самтҳои истифодаи «ИМЗО» воридшавӣ ба портали ягонаи хизматрасониҳои давлатии ekhizmat.tj мебошад. Шаҳрванд пас аз ворид шудан ба кабинети шахсӣ метавонад хизматрасонии дастрасро интихоб кунад ва тибқи тартиби дар портал нишондодашуда муроҷиат намояд. Вобаста ба хизматрасонӣ ин раванд пешниҳоди ариза, ирсоли ҳуҷҷатҳо ё муроҷиат барои гирифтани маълумотномаро дар бар мегирад.
Масалан, шаҳрванд метавонад барои гирифтани маълумотномаи дар портал дастрас ба кабинети шахсӣ ворид шуда, шакли электронии аризаро пур кунад ва онро ба мақоми хизматрасон ирсол намояд. Агар дар ҳамин марҳила имзои ҳуҷҷат талаб шавад, онро метавон дар шакли электронӣ имзо кард. Бо ин тартиб, амалҳое, ки барои хизматрасонии интихобшуда дар портал пешбинӣ шудаанд, аз тариқи интернет анҷом дода мешаванд.
Дар навори роҳнамо «ИМЗО» ҳамчунин ҳамчун воситаи воридшавии ягона ба низомҳои электронии пайвастшуда муаррифӣ мешавад. Дар баробари ekhizmat.tj, дар навор «Низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ», «Бозрасии давлатии автомобилӣ», «Фонди нафақа», «Хадамоти иҷро» ва «Платформаи ягонаи сомонаҳои мақомоти давлатӣ» нишон дода шудаанд. Воридшавии ягона ба корбар имкон медиҳад, ки барои ҳар низоми пайвастшуда пароли алоҳида истифода набарад.
Барои шахсе, ки аз маркази хизматрасонӣ дур зиндагӣ мекунад, имкони тасдиқи шахсият аз хона метавонад вақти роҳ ва интизорӣ дар навбатро кам кунад. Ин роҳ барои шаҳрвандоне низ муфид аст, ки дар соатҳои корӣ барои муроҷиати ҳузурӣ вақт пайдо карданашон душвор аст. Агар хизматрасонии интихобшуда пурра тавассути портал пешниҳод шавад, шаҳрванд метавонад муроҷиатро дар шакли электронӣ анҷом диҳад.
Гузариш ба ариза ва ҳуҷҷатҳои электронӣ барои мақомоти хизматрасон низ аҳамият дорад. Вақте муроҷиат дар шакли электронӣ пешниҳод мешавад, корманд метавонад онро дар низом қабул ва баррасӣ кунад. Дар хизматрасониҳое, ки ин раванд ба роҳ монда шудааст, зарурати чопу пешниҳоди ҳуҷҷатҳои коғазӣ кам мегардад.
Ҳангоми айнияткунонӣ корбар рақами телефон, аксҳои шиноснома ва чеҳраи худро пешниҳод мекунад. Барои ҳифзи ин маълумот рамзи SMS-ро танҳо дар барномаи «ИМЗО» ворид намуда, онро ба шахсони дигар надиҳед. Аксҳои шиноснома ва чеҳраро аз бахши «Худшиносоӣ» дар дохили барнома ирсол кунед.
Маълумоти иловагӣ оид ба истифодаи барнома ва хизматрасониҳои электронӣ тавассути рақами 7177 ва портали eKhizmat.tj дастрас аст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд






