Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ карда шуд

Июнь 14, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 14.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Федератсияи Русия таҳти раёсати муовини Раиси Кумитаи дифои Думаи давлатӣ, ҳамоҳангсози гурӯҳи вакилон оид ба робита бо парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрий Швиткин мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон.

Дар мулоқот равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар ҳамаи заминаҳо, бахусус ҳамкории парлумонӣ баррасӣ карда шуд.

Иброз гардид, ки боздиди вакилон аз давлатҳои ҳамдигар ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар тамоми арсаҳо заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи робитаҳои парлумонии ду давлат дар тамоми самтҳо изҳори умедворӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Думаи давлатии Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ низ бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Федератсияи Русия мулоқот намуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 14, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд