Дар Ҳисор ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллӣ вусъат меёбанд

Июнь 10, 2023 09:09

ДУШАНБЕ,10.06.2023/АМИТ  «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор оид ба омодагӣ ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  корҳои таъмиру навсозии роҳҳои  мошингарди  маҳаллӣ дар  шаҳр  вусъат мегиранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Бо мақсади таъмиру навсозии  роҳҳои мошингарди  шаҳр аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағҳои муайян ҷудо гардидааст. Кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард дар шаҳри Ҳисор дар роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе, ки аз ҳудуди 6 деҳа гузашта, масофаи 8 километрро ташкил медиҳад, якчанд минтақаи роҳро таъмири яклухт намуданд. Таъмиру мумфаршкунӣ дар дигар минтақаи боқимондаи роҳ муташаккилона ҷараён дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июнь 10, 2023 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд