Дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шӯрои ташхис ва тақризи адабиёти таълимӣ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 07.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар муассисаи таҳсилоти умумии №65-и шаҳри Душанбе дар мавзуи «Идеологияи миллӣ ва такмили мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ» ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Тавре корманди Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Раҳмонзода иттилоъ дод, дар ҷаласа муовинони вазири маориф ва илм, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорати маориф ва илм, муаллифони китобҳои дарсии муассисаҳои таълимӣ ва аъзои гурӯҳҳои экспертизаи касбӣ ва экспертизаи ҷамъиятии адабиёти таълимӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бознигарӣ шудани мазмуну муҳтавои адабиёти таълимӣ, аз он ҷумла дар заминаи руҳияи миллӣ таълиф кардани китобҳои дарсӣ масъалаи меҳварии соҳаи маориф дар чанд соли охир ба ҳисоб меравад.
Муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода дар ҷаласа изҳор дошт, ки «дар замони муосир тамоми таҳаввулот ва пешравиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ марбут ба рушди соҳаи маориф буда, он асоси пешрафти ҷомеаи мутамаддин маҳсуб мешавад. Аммо асоси рушди соҳаи маориф, бахусус боло рафтани сифати таҳсилот ба китобҳои дарсии аз ҳама ҷиҳат ҷавобгӯ ба ниёзи ҷомеа ва унсурҳои давлатдории миллӣ вобаста аст».
Номбурда ба мақолаву тақризҳои дар матбуоти даврӣ перомуни мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ нашршаванда ишора карда, таҳлилу омӯзиши ҳамаҷонибаи онҳоро барои баҳои воқеӣ додан ба вазъи кунунии ин самти барои соҳаи маориф ва дар умум миллат хеле муҳим манфиатбахш арзёбӣ намуд.
Ҷамшед Ҷӯразода ба сифати намуна аз мақолаи таҳқиқиву таҳлилии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саймумин Ятимов, ки бо унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад. Андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 19 январи 2023 нашр шудааст, мисол оварда, афзуд, ки мақолаи мавриди назар дар баробари муҳимтарин масоили давлатдорӣ, мавзуи таълиму маориф, худшиносиву худогоҳӣ ва мушкилоти ҳалталаби таҳияву тадвини китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумиро амиқан фарогир буда, андешаҳои муаллиф ҳамчун дастури роҳнамо барои ислоҳоти соҳаи маориф аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Масъалаи дигаре, ки дар ҷаласа мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода шуд, ташхис (экспертиза) ва тақризи китобҳои дарсӣ буд.
Дар ин маврид гуфта шуд, ки дар воқеъ, экспертизаи касбӣ ва экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ аз масъалаҳоест, ки имрӯз дар хусуси он бояд ҷиддӣ андеша кард. Чунки ҳусну қубҳи адабиёти таълимӣ тавассути ташхис ва тақризи он маълум мегардад.
Дар идома аз тадбирҳои ислоҳотии вазорати маориф ва илми мамлакат, аз ҷумла бозинтихоби аъзои Шўрои миллии таҳсилот ҳамчун ниҳоди экспертизаи ҷамъиятӣ, таъсиси гурӯҳҳои экспертизаи касбии адабиёти таълимӣ бо ҷалби устодони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ ва олии касбӣ, таъсиси раёсати таҳия, ташхис ва тақризи адабиёти таълимӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомӣ, дар таҳрири нав таҳия кардани санадҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа иттилоъ дода шуд.
Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён низ роҷеъ ба «Мушкилоти мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ ва раванди ташхису тақризи онҳо» сухан гуфта, таълифи китобҳои дарсии ҷавобгӯйи хонанда ва омода кардани омӯзгоронеро, ки идеали асосӣ барои хонанда маҳсуб мешаванд, вазифаи муқаддаси соҳаи маорифи мамлакат номид.
«Бо ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ дар низоми таълиму тарбия падидаи наве бо номи муносибати босалоҳият ба таълим роҳ ёфт. Аз ин рӯ, зарур аст, ки стандарту барномаҳои таълимӣ ва дар ин замина китобҳои дарсиро тибқи талаботи он таълиф намоем. Дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шўрои ташхис ва тақризи адабиёти таълимӣ таъсис дода мешавад, ки ҳадафи асосии ин ниҳод боз ҳам беҳтар гардидани мазмуни китобҳои дарсӣ ва ба талаботи кунунии сиёсати давлату Ҳукумат, арзишҳои миллии таърихию фарҳангӣ мутобиқ сохтани онҳо мебошад»,-афзуд Муҳаммаддовуд Саломиён.
Барои сифатан беҳтар гардидани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон М. Саломиён аз ҳисоби олимони ҷавон тарбия намудани муаллифони китобҳои дарсӣ, таъсиси Маркази таълиф ва ҳамоҳангсозии муаллифони китобҳои дарсӣ дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ҳавасманд гардонидани муаллифони китобҳои дарсӣ, муқарризон, муҳаррирон, дизайнерон, рассомон, ташхисгаронро ба мақсад муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идомаи кори ҷаласа муаллифону муқарризони китобҳои дарсӣ – А. Байзоев, С. Бандаев, М. Раҳимзода, С. Маҳдӣ, Ф. Истамов, С. Аъзамзод, омӯзгори литсейи №55 ш. Душанбе А. Назаров дар муҳокима ҷиҳати баррасии масъалаҳои мубрам, яъне мазмуну мундариҷа ва муҳтавои китобҳои дарсӣ фикру андеша ва таклифу пешниҳодоти худро манзур карданд.
Муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода таъкид дошт, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи машваратии мазкур ислоҳи камбудиҳо ва дар рӯҳияи худшиносию тафаккур ва идеологияи миллӣ таҳия намудани китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.
Ҳамзамон, ба роҳбарони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Муассисаи нашриявии «Маориф» ҷиҳати андешидани тадбирҳо дар самти пайгирӣ ва назорат намудани раванди баргузории озмуни интихоби муаллифони китобҳои дарсӣ, мутобиқ сохтани мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ бо ислоҳоти соҳа (бахусус муносибати босалоҳият ба таълим), ҷорӣ кардани таҷрибаи наву пешқадам, баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз ҷиҳати илмӣ баҳогузорӣ кардани дастгоҳи методии ҳар як китоби дарсии тақризшаванда, ҷиддан таҳриру тасҳеҳ намудан ва тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ мондани оройиши китобҳои дарсӣ, ҳамзамон ҷалби муҳаррирони касбӣ ва соҳавӣ барои ҳар як фанни тадрисшаванда, таҳия намудани тартиби пардохти ҳаққи қалами муқарризону экспертҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон