Дар ноҳияи Шаҳритус Маркази хизматрасонии бонкии «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 13.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Маркази хизматрасонии бонкии Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» таъсис ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур иттилоъ доданд.
Маркази хизматрасонии бонкӣ барои мизоҷон ҷиҳати дастрасӣ ба маблағҳои қарзӣ имкон ва шароити мусоид фароҳам оварда, дар он 8 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.
Бо ифтитоҳ гардидани марказ сокинони ноҳияи Шаҳритус метавонанд маблағҳои худро ба осонӣ идора намоянд ва аз хизматрасониҳои бонкӣ бемамоният истифода баранд.
Марказ ба мизоҷон маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои молиявиро аз кушодани суратҳисоб то гирифтани қарзҳо ва интиқоли маблағҳо пешниҳод менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи асосии «Саноатсодиротбонк» дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ тавассути пешниҳоди маблағҳои қарзии имтиёзнок мебошад.
АКС: Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»











ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд






