Дар шаҳри Чаншаи музофоти Хунани Чин давоми як шабонарӯз то 10000 тонна партови сахти маишӣ коркард мегардад

Июнь 19, 2023 15:58

ДУШАНБЕ, 19.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар шаҳри Чаншаи музофоти Хунани Ҷумҳурии Мардуми Чин дар омӯзиш барои кормандони иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Интернет+ профсоюз» иштирок доранд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» София Шоик аз шаҳри Чанша иттилоъ медиҳад, ки дар доираи омўзиш ҳайати мазкур бо фаъолияти корхонаи коркарди партов «Hunan Junxin Environmental Protection Co., Ltd» –и ин шаҳр шинос шуд.

Нахуст барои кормандони иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамоиш оид ба нақш ва ҳаракати иттифоқҳои касаба дар корхонаи коркарди партов доир гардид.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки баҳри таъмини сатҳи зиндагии шоистаи кормандон дар ширкат тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Ҳамзамон барои ҷалби кормандони ҷавон коргоҳи мазкур бо донишгоҳҳои олӣ ҳамкорӣ намуда, хатмкунандагонро бо ҷои кор таъмин менамояд.


Корхонаи мазкур дар самти сармоягузорӣ, сохтмон, таҳқиқот ва таҳияи технологӣ, истифода ва идораи коркарди партовҳои сахти маишӣ фаъолият менамояд. Дар корхона дар як шабонарӯз то 10000 тонна партовҳои сахти маишӣ коркард карда мешаванд.

Ин иқдом натанҳо барои беҳдошти муҳити зист ва нест намудани партовҳои сахти маишӣ роҳандозӣ гардидаст, балки барои тавлиди «энергияи сабз» низ мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 19, 2023 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд