ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Имрӯз маросими қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад

Июнь 1, 2023 11:28

ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 июн дзюдочиёни 40 мамлакати ҷаҳон, ки аз панҷ қора намояндагӣ мекунанд, дар натиҷаи қуръакашии мусобиқаи Гран-прии Душанбе — 2023, ки 2-4 июн дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад, рақибони худро муайян мекунанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар медиҳад.

Тавре дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд, Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) Мариус Визер ва бештари иштирокчиёни мусобиқаи Гран-Прии Душанбе-2023 вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд.

То имрӯз барои иштирок дар Гран-при 315 варзишгар аз 40 кишвари ҷаҳон сабти ном шудааст. Шумораи бештари варзишгарон аз Аврупо (151) ва Осиё (139) мебошанд. Тоҷикистонро ба унвони мизбони Гран-прии Душанбе-2023 34 дзюдочӣ (28 мард, 6 зан) муаррифӣ менамояд.

Гран Прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова мекунад.

Пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо дар давраи солҳои 2023-2026 ҳаққи баргузории мусобиқаи Гран-приро соҳиб гардид.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор евроро ташкил медиҳад: ҷойи 1-ум – 3000 евро (варзишгар 2400 ва мураббӣ 600), ҷойи 2-юм – 2000 евро (варзишгар 1600 ва мураббӣ 400), ҷойи 3-юм (2 варзишгар) – 1000 евро (варзишгарон 800 ва мураббиён 200).

АКС: Федератсияи байналмилалии дзюдо

Июнь 1, 2023 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид