Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 06.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар шарқӣ вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо шиддати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ асосан бебориш пешгӯӣ шуда, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа, рӯзона 33+38, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ асосан бебориш пешгӯӣ шуда, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21, рӯзона 32+37 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 18+20 дараҷа ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.








КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст






