ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УҚЁНУСҲО. Онҳоро шушҳои сайёра меноманд, вале имрӯз пур аз партовҳои зарфҳои пластикӣ гардидаанд

Июнь 8, 2023 16:27

ДУШАНБЕ, 08.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Уқёнусҳо тақрибан 50 фоизи оксигени сайёраро тавлид намуда, қисмати бештари гуногунии биологии кураи Заминро фаро мегиранд ва манбаи асосии сафеда барои зиёда аз як миллиард нафар дар саросари ҷаҳон мебошанд. Ин ёдоварӣ дар ҳолест, ки имрӯз, 8 июн ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи байналмилалии уқёнусҳоро /World Ocean Day/ қайд менамояд.

Идеяи таҷлили Рӯзи байналмилалии уқёнусҳо дар Рио-де-Жанейро садо дода буд

Расман дар сатҳи байнидавлатӣ идеяи баргузории Рӯзи ҷаҳонии уқёнусҳо бори аввал соли 1992 дар нишасти байналмилалӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Барзилия садо дода буд. Аз он вақт инҷониб, Рӯзи ҷаҳонии уқёнусҳо аз ҷониби давлатҳое, ки ба уқёнусҳо иртибот доранд, ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад. Олимони эколог, кормандони аквариумҳо, боғҳои ҳайвонот, делфинариумҳо дар ин рӯз талоши худро ҳамоҳанг менамоянд, то олами набототу ҳайвоноти уқёнусҳоро аз хатар бузург – таъсир ва тамаъҷӯии инсон нигоҳ доранд.

Ҳадафи ин сана ҳифзи манбаъҳои обӣ, аз ҷумла уқёнусҳо аст

Рӯзи ҷаҳонии уқёнусҳо бо Қатъномаи A/RES/63/111-и Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ аз 12 феврали соли 2009 таъсис дода шудааст ва ҳамасола 8 июн ҷашн гирифта мешавад. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ баҳри ҳифзи манбаъҳои обӣ, аз ҷумла уқёнусҳо, огоҳ кардани аҳолӣ дар бораи таъсири амали инсон ба уқёнусҳо, саъю талош барои ҳифз, сафарбар ва муттаҳид кардани одамон дар доираи лоиҳаҳои идоракунии устувори уқёнусҳо аз ҳадафҳои аслии Рӯзи байналмилалии уқёнусҳо мебошад.

Уқёнусҳо дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҷаҳон нақши калон доранд

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев гуфт: “дар ҷаҳони муосир нақши уқёнусҳо дар таъмини амнияти озуқаворӣ хеле калон аст. Тибқи баъзе гузоришҳо, тақрибан беш аз 40 фоизи маводи хўрокаро инсонҳо аз уқёнусҳо ба даст меоранд. Аз ин рӯ, ҳамасола баҳри беҳбудии уқёнусҳо дар раванди тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Зеро дар равандҳои тағйёирёбиии иқлим сеяки оби уқёнусҳо тағйир ёфта, ин омил ба амнияти озуқавории кишварҳо таҳдид мекунад. Аз баъзе гузоришҳо бармеояд, ки тақрибан ин тамоюл ба амнияти озуқавории 25 фоизи аҳолии кураи Замин таъсири манфӣ мерасонад”.

Ором-бузургтарин уқёнус дар ҷаҳон

Дар кураи замин чор уқёнус –Ором, Атлантика, Ҳинд ва Яхбастаи Шимолӣ мавҷуд аст, ки беш аз 70 фоизи масоҳати сайёраро фаро мегирад ва яке аз бузургтарини онҳо ин уқёнуси Ором аст. Уқёнуси Ором объекти нодири табиии сайёраи Замин буда, масоҳати сатҳи обаш 178,7 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки ин беш аз ⅓ сатҳи сайёра ва қариб ½ қисми Уқёнуси Ҷаҳониро ташкил медиҳад. Уқёнуси Ором дар ҳама нимкураҳо ҷойгир аст, дар нимкураи шимолӣ ва ҷанубӣ дар ду тарафи экватор. Тоҷикистон бо мавқеи ҷуғрофиаш аз уқёнусҳо садҳо фарсахҳо дур аст.

То соли 2030 то 40 миллион нафар дар ҷаҳон дар соҳаҳои марбут ба уқёнусҳо кор хоҳанд кард

Уқёнусҳо манбаи ҳаёти башарият буда, зиндагии одамон ва тамоми мавҷудоти дигари рўи заминро таъмин менамоянд. Уқёнусҳо дар иқтисодиёти ҷаҳон нақши калидӣ мебозанд. То соли 2030 тахмин меравад, ки 40 миллион нафар дар ҷаҳон дар соҳаҳои марбут ба уқёнусҳо кор хоҳанд кард. Ҳоло уқёнусҳо ба кӯмак ва дастгирии инсоният ниёз доранд.Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон дар муттаҳидӣ фаъолият намуда, бояд равиши навро пайдо созад, ки он тавонад барои нигоҳ доштани мувозинат бо уқёнусҳо, аз ҷумла сарвати онҳоро кам накунад, балки тавоноии онҳоро барқарор ва ба онҳо ҳаёти нав бахшад.

Уқёнусҳоро шушҳои сайёраи Замин меноманд

Мавзӯи Рӯзи ҷаҳонии уқёнусҳо дар соли 2023 «Сайёраи Уқёнус: Замона тағйир меёбад» мебошад. Ин мавзуъ башариятро водор месозад, ки танҳо саъю кўшиши умумии тамоми инсоният уқёнусҳоро наҷот дода метавонад Рўзи ҷаҳонии уқёнусҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ин манбаъҳои бузурги обии сайёра нақши муҳимеро, дар ҳаёти инсоният мебозад. Беасос уқёнусҳоро шушҳои сайёраи Замин наномидаанд, зеро онҳо манбаи асосии ғизо ва доруворӣ, инчунин муҳимтарин қисми биосфера дар кураи Замин мебошанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирии ҳолати дар зарфҳои пластикӣ ғарқ шудани уқёнусҳо бонги хатар мезанад

Тибқи баъзе таҳлилҳои оморӣ, дар дунё ҳамасола беш аз 400 миллион тонна маҳсулотҳои пластикӣ истеҳсол гардида, нисфи он — 200 миллион тонна барои як маротиба истифода бурда мешавад. Аз ин танҳо 10 фоизаш коркард мешаваду халос. Боқимонда ба партов табдил мегардад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирии ҳолати дар зарфҳои пластикӣ ғарқ шудани уқёнусҳову баҳрҳо бонги хатар мезанад. Афзоиш ёфтани ҳаҷми бузурги партовҳои зарфҳои пластикӣ дар сайёра, натанҳо ба саломатии инсонҳо, балки ба олами набототу ҳайвоноти систамеаҳои экологии обӣ, хусусан уқёнусҳо таъсири манфӣ расонида истодааст.

То соли 2040 партовҳои пластикии дар уқёнусҳо ҷамъшуда ба 29 млн тонна хоҳад расид

Уқёнусҳо таҳти таъсири муносибати бешуурона ва ноодилонаи инсонҳо ба табиат, дар зарфҳои пластикӣ «ғарқ» мешаванд. Муодили як мошини партови пластикӣ ҳар дақиқа ба баҳрҳо рехта мешавад ва миқдори он рӯз то рӯз меафзояд. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои абарқудрат тадбирандешӣ накунанд ва дар ҳамбастагӣ коре анҷом надиҳанд, интизор меравад, ки то соли 2040 миқдори зарфҳои парвтоҳои пластикии ба уқёнусҳо ҷамъгардида аз 13 миллион тонна ба 29 миллион тонна дар соли 2040 афзоиш хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, роҳҳои ҳалли ин масъала тақвияти ҳамкории глобалиро дар сатҳи кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тақозо менамоянд.

Ба назари коршисонои масоили экологӣ, ягона роҳи ҳалли ин масъала, яъне аз ғарқшавӣ дар зарфҳои пластикӣ наҷот додани уқёнусҳо ва дигар манбаъҳои бузурги обии сайёра, даст кашидан аз истифодаи маҳсулоти пластикӣ ва коркарди истеҳсолоти бидуни партов мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 8, 2023 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода