ИМРӮЗ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БИЁБОНШАВӢ ВА ХУШКСОЛӢ. Ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 12 миллион гектар заминҳои ҳосилхез нобуд мешавад
ДУШАНБЕ, 17.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби вайроншавӣ ҳар сол дар сайёраи Замин беш аз 12 миллион гектар заминҳои ҳосилхез нобуд мешаванд. Хушксолӣ, ки дар натиҷаи таназзули замин ва тағирёбии иқлим шадидтар шудааст, нисбат ба соли 2000-ум 29 фоиз афзоиш ёфтааст ва ҳар сол ба 55 миллион нафар аҳолии сайёра таъсир мерасонад. То соли 2050, тибқи гузоришҳои коршиносон, хушксолӣ метавонад тақрибан аз чор се ҳиссаи аҳолии ҷаҳонро фаро гирад. Ин дар ҳолест, ки шуруъ аз соли 1994 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 17 июн Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ (World Day to Combat Desertification and Drought) эълон гардидааст.
Баргузории ин сана дар 17 июн ба муносибати солгарди қабули Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мубориза бо биёбоншавӣ, ки 17 июни соли 1994 доир гардид, алоқамандӣ дорад.
Мақсади эълони ин Рўз даъвати давлатҳои ҷаҳон ба ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо биёбоншавӣ ва оқибатҳои хушксолӣ, инчунин татбиқи муқаррароти Конвенсия оид ба мубориза бо биёбоншавӣ мебошад.
Конвенсия оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ созишномаи бисёрҷонибаи экологӣ мебошад, ки соли 1994 дар Париж ва соли 1995 дар Ню-Йорк ба имзо расида, аз соли 1996 эътибор дорад.
16 июли соли 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ гардида, мақоми ваколатдори Конвенсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вайроншавии замин, яъне паст шудан ё нест шудани маҳсулнокии биологӣ ва иқтисодӣ, таркиби мураккаби заминҳои обӣ, лалмӣ, чарогоҳ, ҷангал ва қитъаҳои ҷудогонаи ҷангалро дар минтақаҳои гарм, муътадил ва хунук, ки дар натиҷаи истифодабарии замин, таъсири як ё якчанд равандҳо, аз он ҷумла бо таъсири фаъолияти инсон ба вуҷуд меоянд, ба биёбоншавӣ оварда мерасонанд. Эрозияи хок аз таъсири шамол ва об, таназзулёбии чарогоҳ, шӯршавӣ, сел, тарма ва дигар офатҳои табиӣ ҳам ба биёбоншавии замин мусоидат менамояд.
Дар суҳбат бо хабаррнигори АМИТ «Ховар» ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов иброз дошт, ки биёбоншавӣ яке аз проблемаҳои муҳими имрӯзаи ҷаҳон ба шумор рафта, ба худ хусусияти глобалӣ гирифтааст.
Сабабҳои асосии барангезандаи омилҳои биёбоншавӣ ин дигаргуншавии иқлим, истифодаи бесарусомони заминҳои таъиноти кишоварзӣ, истифодаи нодурусти шабакаҳои обёрӣ ва чаронидани бенизоми чорво дар чарогоҳҳо мебошанд.
Биёбоншавӣ ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро ба бор овардааст. Аз ин лиҳоз, дар ҳамоҳангӣ Созмони Миллали Муттаҳид чорабиниҳои афзалиятнок Нақшаи махсуси мубориза бар зидди биёбоншавиро (Конвенсияи СММ) таҳия ва қабул намуд.
Мақсади асосии Конвенсия ин мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва паст намудани оқибатҳои хушксолӣ дар мамлакатҳои гирифтори хушксолиҳои ҷиддӣ ва биёбоншавӣ мебошад, ки бо роҳи қабул намудани чораҳои зарурӣ дар ҳамаи самтҳо, тибқи Созишномаҳои ҳамкорӣ ва ҳамгироиҳои байналмилалӣ дар доираи роҳҳои комплексӣ, ки дар Рӯзномаи Ҳазорсолаи Рушди Устувор дар минтақаҳои интихобӣ равона гардидааст, иборат мебошад.
Абдусаттор Саидов афзуд, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи амалисозии Конвенсия оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ корҳои муайян анҷом дода шуд. Дар ин муддат ба Котиботи Конвенсия Ҷумҳурии Тоҷикистон се маърӯзаи миллӣ пешниҳод гардид. Баҳри амалисозии ҳадафҳои Конвенсия дар ҷумҳурӣ Барномаҳо ва Консепсияҳо, аз ҷумла «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2020», «Барномаи рушди чарогоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул шудаанд».
Ба гуфтаи олим, қабули ин Барномаҳо барои боз ҳам беҳтар намудани самтҳои гуногун, аз ҷумла ҷалби мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, тарбияи табақаҳои ҷамъиятӣ баҳри солимгардонии вазъи экологӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ -замин, об, ҳаво, ҳайвонот ва наботот, гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирии вайроншавӣ ва таназулёбии замин, васеъ намудани майдони ҷангалзор, боғҳо нигаронида шудаанд. Инчунин Нақшаи миллӣ оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 қабул гардид, ки ҷиҳати иҷрои он корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Бар асоси гузоришҳои коршиносони байналмилалӣ, биёбоншавӣ яке аз равандҳои ташвишовартарини таназзули муҳити зисти замони мо маҳсуб меёбад.
Олимон бонги изтироб мезананд, ки тибқи ҳисобҳои онҳо равандҳои таназзули замин ва тағйирёбии иқлим, хусусан биёбоншавӣ ба сеяки сатҳи Замин таъсир мерасонанд ва ин аллакай ба саломатӣ ва сифати зиндагии 1 миллиард нафар одамоне, ки дар 100 кишвари ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, таҳдид намуда, таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Инчунин хушксолиҳо, ки бар асари равандҳои глобалии тағйирёбии иқлим дар бархе аз кишварҳои сайёра мушоҳида мегардад, яке аз харобиовартарин офатҳои табиӣ арзёбӣ мешавад, Он ба талафоти густурдаи ҳосил, таҳдид ба амнияти озуқаворӣ, сӯхтори ҷангалзор ва норасоии об оварда мерасонад.
Назар ба андешаи коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев, таъмини амниятии озукаворӣ айни замон, дар сатҳи ҷаҳон ба яке аз масъалаҳои мубрам табдил ёфтааст, зеро таъсири фаъолияти инсон таназзулёбии табиат, аз ҷумла ҳодисаи биёбоншавӣ, хушксолиҳо, нестшавии набототу ҳайвонот ба назар мерасад.
“Олимон ошкор намудаанд, ки бояд вобаста ба рушди иқтисодиёт таносуби мувозинати табиӣ нигоҳ дошта шавад, зеро ба инобат нагирифтани ин омил ба рушди иқтисоди кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад”,-, афзуд ӯ.
Алҳол таҳлилҳои олимон бозгӯи он аст, ки 99 фоиз заминҳои обӣ, 98 фоиз заминҳои лалмӣ дар ин ё он сатҳ ба эрозия гирифтор шудаанд, ки ин нишондод дар давраи шӯравӣ 68 фоизро ташкил медод.
Тоҷикистон сарзамини кӯҳистон аст ва 93 фоизи ҳудудашро кӯҳҳо ва 7 фоизашро ҳамворӣ ташкил медиҳад ва аз биёбонҳои бузурги минтақаи Осиёи Марказӣ, ба мисли Қароқум ва Қизилқум, ки биёбонҳои регианд, на чандон дур аст. Ва мушоҳида мегардад, ки солҳои охир дар раванди тағирёбии иқлим, камборишӣ ва ба амал омадани шамолҳои сахт, ба иқлими мамлакати мо таъсири манфии ин ва дигар биёбонҳо мерасад.
Чангу ғуборе, ки 9-10 июн фазои ҷумҳуриамонро фаро гирифт, бозгӯи гуфтаҳост. Дар маҷмӯъ биёбонҳо дар рӯи замин як муҳити бениҳоят душвор барои зиндагӣ ва ҳаёт гузаронидан аст. Биёбонҳо тақрибан 41 фоизи хушкии заминро ишғол мекунад ва ҷолиб он аст, ки дар ин ҷойҳо, яъне биёбонҳо тақрибан 2 миллиард нафар аҳолии кураи Замин бо иқлими хеле сахт зиндагӣ менамоянд.
Новобаста ба ин мушкилӣ дар биёбонҳо шаҳрҳои бузурги саноатӣ бунёд гардидаанд, ки дар рушди иқтисоди ҷаҳони нақши муассир доранд.
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ бори дигар башариятро ҳушдор медиҳад, ки дар муносибат бо Замин ва табиат одилона, ғамхорона ва бошуурона муносибат намоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз