«ИСРОФ НАКӮ НЕСТ БА ҶУЗ ДАР АМАЛИ ХАЙР!». Барои як шуҳрати дурӯғин сарф намудан чӣ маъно дорад ва киро мехоҳед қоил кунед?

Июнь 25, 2023 11:07

ДУШАНБЕ, 25.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамин ду-се рӯз пеш дар як зиёфате пас аз ҷамъомад ҳузур доштам, ки дастурхони хеле ороста ва пур аз анво дошт. Мардум ҳанӯз то кашидани хӯроки якум аллакай сер шуда буданд ва дигар зарурат ба ғизохӯрӣ надоштанд. Аммо илова ба ин боз як хӯроки дигар барои ҳар нафар дар зарфҳои бузург алоҳида кашида шуд, ки аксари нишастагон натавонистанд, аққалан каме аз он бичашанд ва ин ҳама неъмат, хӯрокҳои зиёдии даҳонзада, дар пеши чашми ҳамагон исроф мешуданд. Оё чӣ зарурат буд ба ин исрофкорӣ, ки аз зарараш аз манфиаташ аст. Ба ҳама маълум аст, ки на ҳама дар оростаи маъракаҳо имрӯзҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» риоя мекунанд. Боз ҳамон исрофкориҳо пинҳонӣ ва ошкоро кам-кам рӯ задан доранд. Зиёдаравӣ дар ҳар кор аз ҳад гузашт, боиси он мегардад, ки ҳатто ба суннатҳои ҳазоронсолаи мо, ки саҳми бузурге дар бунёди маънавии миллатамон гузоштаанд, ҳар гоҳе таҷдиди назар намоем. Зеро ин зиёдаравиҳову аз ҳад гузаштанҳо боиси он шуданд, ки бисёр одат, рафтору кирдорҳои зиёдатӣ ба ойинҳои наҷиби миллии мо часпида, онҳоро аз асолати худ дур бурдаанд. Чунин андеша дорад Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО.Мавсуф дар идома чунин изҳори назар менамояд:

— Дар фарҳангу одоби миллати қадима ва соҳибтамаддунамон исрофкорӣ ва зиёдаравӣ ҳамеша дар гуфтори байни мардум ва осори бузургонамон маҳкум карда мешуд. Худи ҳамин зарбулмасали бисёр рехтаи халқии: «Исроф накӯ нест ба ҷуз дар амали хайр!» гувоҳи ин гуфтаҳост. Дар луғатҳо вожаҳои исроф ва исрофкорӣ чунин шарҳ ёфтааст: «исроф» — аз андоза берун харҷ кардан, зиёда аз ҳоҷат харҷ кардан, зиёдаравӣ ва «исрофкор» – шахсест, ки беҷо ва беҳуда ва безарурат харҷ мекунад, сарфакор нест. Ва Хусрави Деҳлавӣ дар ин маврид гуфтааст:

Ба сарфа сарф кун нақде, ки дорӣ,
Ки имсокат беҳ аз исрофкорӣ.

Яъне дар байни мардуми мо исрофкорӣ ҳаргиз нишонаи фарҳанги баланд ва рафтори шоиста маҳсуб намеёфт, балки баъакс мазаммат мешуд.

Табиист, барои миллати қадимае, чун миллати мо, ки ҷашну маросим, анъана ва расму ойинҳои хеле зиёди шоистаи милиии худро дорад, фарҳанги сарфакориву зиёда нарафтан бештар аҳамият пайдо мекунад ва пайваста мавриди таваҷҷуҳи мардум қарор мегирад. Ҷашну маросим ва расму ойинҳои мо дар тӯли таърихи дуру дарози ҳастӣ вобаста ба муҳити зиндагӣ , ҷаҳонбинӣ ва ҳадафҳои рӯзгорон ба вуҷуд омадаву шакл гирифтаанд. Аксари онҳо бо тақозои зиндагӣ, бо тақозои зарурият, бо тақозои хираду одоб арзи вуҷуд кардаанд. Аз ин рӯ мо на танҳо бояд ба онҳо арҷ гузорем, онҳоро риоя кунем, балки ҳамчунин бояд онҳоро аз доираи таъйиншудаашон, аз ҳудуди ҳадафу расолаташон ҳаргиз берун набарорем, яъне хиёнат ба қонунияту тартиботашон накунем.

Аз аксари суннатҳову ойинҳои миллии мо на ин ки бояд рӯй натофт, балки баръакс бояд онҳоро такмил доду зиндатар кард, ба хотири он ки ҳар яке ҳадафи волои миллӣ, инсонӣ ва тарбиявӣ доранду аз ҷониби гузаштагони хирадманди мо бо мақсадҳое нек ҷориву амалӣ гардидаанд. Аз ин рӯ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҳамин ҳадафи хайрхоҳона, ба манфиати мардум ва ҳифзи суннатҳои волои миллии мо эълон карда шуд. Худи ҳамин истиқболи ниҳоят гарми мардуми одӣ аз ин Қонун далели ба манфиат ва саривақтӣ будани он аст.

Бубинед, ки аз оғози ин Қонун (8 июли соли 2007) 16 сол мегузарад ва метавон натиҷаҳоро аз амалӣ гардидани он, аз манфиатҳои бадастомада то ҷое мавриди андеша қарор дод.

Аз байн бардошта шудани бисёре аз амалу одатҳои зиёдативу зиёновар бори мардуми одиро хеле сабук карданд. Метавон аз баъзеи онҳо ёдовар шуд. Масалан, додани оши худоӣ дар хонаи инсони фавтида, як зуҳуроти ҳайратоварест, ки дар ҳеҷ ҷойи дигар дар рӯи дунё нест. Ва ин оши худоӣ дар сари хони хонаи мусибатдида, аз рӯзи нахустин сар карда, дар тӯли як сол борҳо худро падид меовард. Оши сари тахта дар рӯзи ҷаноза, ки падидае буд шигифтангез, ки мақоли мурдаро монда тутхӯриро ба хотир меовард. Сипас, додани оши худоӣ, кушодан дастурхону ороиши он аз хӯрданиҳо дар рӯзҳои се, ҳафт, чил ва соли марҳум. Дарди бахайр мебуд, агар ин шахси фавтида як инсони солхӯрдаву бадавлату беармоне мебуд. Аммо ин ош доданҳову дастурхон кушоданҳову ороиши он аз хӯрданиҳо ҳатто дар хонаводаҳое, ки дар он як кӯдак, як наврас ё ҷавон ва ё ҷавонмарде сурат мегирифт, ки ба тарзи фоҷиавӣ фавтидааст, ва ин хеле нангин ба назар мерасад.

Чӣ гуна дар хонаи инсони мусибатдор, метавон ошу нон хӯрд!?

Албатта, инсони фавтида, рӯҳи ӯ ба дуову фотиҳа ниёз дорад ва ин дуову фотиҳа ҳам ҳамон вақте қабул мешавад, ки холисонаву бетамаъ бошад.

Ҷумъагиҳое, ки ҳар ҳафта як бор дар тӯли як сол дар хонаи мусибатдида гузаронида мешуданду бе ғизохуриву бе дастурхонороӣ набуданд, ба андешаи банда низ шигифтангезанд ва ба куллӣ амали беманфиат, зиёновар ва бар зарари хонаводаи мусибатдида буданд. Банда гумон дорам, ки аз чунин дуову фотиҳа, ки мақсад аз шикамсеркунӣ беш нест, гумон аст, Худованд истиқбол намояд. Агар хонавода камбизоат бошад, агар хонавода камбағал бошад, чӣ? Чӣ қадар хонаводаҳоро муфлису нодору қарздор гардонидааст , ин оши худоиву ин ҷумъагиҳо. Зеро мардуми тоҷик мардуми ба ору нанганд ва ҳаргиз намехоҳанд дар байни ҷомеа забонкӯтоҳ бошанд ва ба ҳар роҳе бояд ин маъракаҳои зиёноварро бо ин хароҷотҳои нодаркору зараоварро ба зимма бигиранд.

Бале, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз пеши худ беҳудаву безамина рӯи кор наомадааст. Метавон далелҳои зиёдеро аз маъракаҳои тӯйҳои суннативу арӯсӣ овард, ки пас аз бунёди онҳо соҳибонашон дар зери қарзҳо мондаанд.

Боре, дар маъракаи оши наҳори як деҳаи кӯҳистон иштирок доштам. Деҳа яке аз деҳаҳо бузурги мамлакат буд. Дӯсти ман бо ифтихор мегуфт, ки дар маъракаҳои ин деҳа камаш ҳафт дег ош пухта мешавад. Ва ман ин ҳафт дег ошро, ки ҳама дегҳои бузург буданд, ба чаши худ дидаам. Як инсон, ки чунин маърака мекунад, бояд солҳои сол маблағ ҷамъ меовард, то дар як рӯз бо як оши маърака ба боди фано супорад. Аҷиб ин аст, ки чунини маъракаҳои бесарунӯг асосан дар байни мардуми хайрхоҳу меҳмондӯсту самимии мо роиҷ буданд, ки имрӯз мо мефаҳмем, ягон ҷойи ифтихоре надоштанд.

Метавон дар исботи исрофкориҳои мардуми мо далелҳои хеле зиёди дигареро аз гузашта овард, ки ҳамагон аз он огоҳанд. Мақсади мо нишон додани он манфиату бурдҳое мебошад, ки халқамон пас аз ҷорӣ гардидани Қонуни танзим ба онҳо ноил шуд.

Истиқболи гарми мардум аз ин Қонун беҳуда нест, имрӯз халқ худ манфиатҳои ин Қонунро хуб фаҳмидаву аз он дастгирӣ мекунад. Ва бисёр ҷолиб аст, сарфае, ки аз ҷорӣ гардидани Қонуни танзим ба даст меояд, барои ободии хонадони навхонадорон, барои таълиму маърифати наврасон истифода бурда мешаванд.

Дар ин солҳои амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мо падидаҳои неки дурахшони дигарро, ки аз ҷониб Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат истиқбол мегарданд, низ дар масъалаи сарфакорӣ шоҳид будем. Масалан, баъзе инсонҳои наҷиб ва дилогоҳ қарор додаанд, ки маблағи барои Ҳаҷ, зиёрати Хонаи Худо солиён андӯхтаи худро барои кори хайре, барои сохтмони роҳе, мактабе, газаргоҳе, ки барои халқ, барои деҳа ва ё маҳалашон бисёр арзишу қиммат доранд, сарф кунанд. Гумон мекунам ин амали чунин мардони Худоро Худованди мутаол шояд борҳо бештару баландтар аз ҳаҷҷи ҳоҷиёни воқеӣ қабул намояд, зеро манфиат на барои як нафар, балки барои ҳама дорад, зеро дар урфият гуфтаанд: Қаъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб! Чунин арзиши бузург дорад баровардани ҳоҷати мардум ва ба манфиати халқ гузаштан аз манфиати худ. Банда чунин ашхосро бештар ҳаҷҷашон қабулгардида меҳисобам.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қонунест, ки иҷрои он на танҳо ба мақомоти давлатӣ дар ҳама сатҳҳо, ба комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, балки пеш аз ҳама ба кулли мардум равона карда шудааст ва мо мебинем, ки бе иштироки фаъоли кулли мардум душвор аст пурра амалӣ кардани он.

Ин андеша барои он гуфта шуд, ки ҳарчанд асосан ин Қонун имрӯз дар саросари мамлакат ҳукми худро меронаду истиқбол меёбад, ҳоло ҳам ҳастанд ашхосе, ки дар ҳар мавриди барояшон қулай боз ҳам рӯ меранд ба ҳамон зиёдаравиву исрофкориҳо, ки аз он на ба худашон фоидаест ва на ба дигарон. Банда чунин ашхосро ҳаргиз нафаҳмидаму наметавонам фаҳмам.

Ба кӣ лозим аст чунин худфиребиву қурбонӣ, вақте ки беш аз худнамоӣ ва исрофкории беақлона нест ва ақли солим онро қабул надорад? Худнамоиест, ки бар зарари хонавода аст. Хароҷоти як маъракаи ҳангомадоре, ки барои як соат ё як рӯз асту бақо надорад, ба кӣ даркор аст? Оре, ба ҳеҷ кас. Аз ин рӯ имрӯз наметавон инро зуҳуроти солим гуфт. Ва бояд иқрор шуд, ки ин сабукхезиҳо, ки заминаашон на андешаи амиқ ва на маърифати солим аст, гувоҳи қафомонии фарҳанги халқи мост. Он хароҷотеро, ки метавон барои ободии дару даргоҳ, таълиму тарбияи фарзандон сарф кард, барои ҳеҷ, барои як шуҳрати дурӯғин сарф кардан чӣ маъно дорад ва шумо киро мехоҳед қоил кунед?

Бале, сарчашмаи дигари исрофкории мардуми таассубу хурофот аст. Бовару эътимоди кӯр-кӯрона ба таассубу хурофот мардуми моро ба ин гӯливу гумроҳиҳо андохтааст ва баъзеҳо ба ин ботлоқ он қадар ғӯтидаанд, ки лозим омад то чунин як санади танзимкунандаи ҳама гуна ҷашну маросим қабул карда шавад. Ва ҳатто баъди қабули Қонун низ зарур омад, ки идораву сохторҳое таъсис дода шаванд, ки иҷрои онро таҳти назорат гиранд, зеро баъди қабули Қонун ҳам зиёдаравӣ, риоя накардани он давом дорад.

Саволҳое, ки моро бояд ба андеша оранд, инҳоянд: чаро масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо маҳз дар давлати мо ба ин ҷиддият рӯ зад, то ҷойе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид? Чаро дар дигар кишварҳои дунё, масалан Амрикову Аврупо, Чину Ҳиндустону Покистон, дар кишварҳои араб ва ҳатто ҳамзабонони мо -Эрону Афғонистон ин масъала ба д-ин дараҷае, ки мушкилоти сунъӣ пеш орад, вуҷуд надорад, ҳама маросиму анъанаҳо дар доираи эътидоланду дар мо не? Чаро маҳз мо тоҷикон гирифтори онем? Ба ростӣ, масъалаест, ки равоншиносону ҷомеашиносону олимони мо бояд мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор диҳанд.

Ин аст, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки иқдоми Пешвои миллати мост, боз ҳам саривақтиву зарур, ба манфиати мардум, пеш аз ҳама ба манфиати халқи оддии заҳматкаш аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 25, 2023 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент