Истеъдодҳои ҷавони Тоҷикистон дар Анҷумани байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 20.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз даҳ нафар мактаббачагон-истеъдодҳои ҷавони мамлакат ҷиҳати иштирок дар Анҷумани байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Кӯдакони Иттиҳод», ки дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад, озими шаҳри Тошканд шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Ҳадафи асосии лоиҳа эҷоди майдони байналмилалӣ барои тарбияи кӯдакону ҷавонон дар руҳияи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ мебошад.
Таваҷҷуҳи асосии анҷумани имсола «Кӯдакони Иттиҳод: пайванди ногусастании замонҳо ва наслҳо» мебошад. Ҳайатҳои намояндагон дар ин Анҷуман анъана ва урфу одатҳои миллии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муаррифӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар давоми мавҷудияти Анҷуман дар он зиёда аз 600 нафар мактаббачагон аз 9 давлати узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия иштирок намудаанд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






