Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Федератсияи Русия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 02.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Федератсияи Русия, ки таҳти раёсати раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Василий Пискарев ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд. Дар ин хусус котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Зимни мулоқот иброз гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия бо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва дӯстии самимӣ фарқ мекунад. Сарони ду давлат дар таҳкими равобити шарикӣ ва иттифоқии амиқ ва густариши равобити дуҷониба тобиши хосса гузошта, ба ҳамкории дуҷониба мақоми шарикии стратегӣ додаанд. Солҳои охир робитаҳои байнипарлумонии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия низ ба таври қобили мулоҳиза фаъолтар шудааст.
«Мо ҳамкории байнипарлумониро ҳалқаи муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мешуморем, ки тадриҷан ба сатҳи сифатан нав мебарояд»,- иброз намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Ҳамзамон муовини якум ва аъзои кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният низ бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Федератсияи Русия мулоқот намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид






