Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

Июнь 8, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 08.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва ҳайати ҳамроҳашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Зимни мулоқоту музокирот, ки дар фазои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва эътимод баргузор гардид, ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушду тавсеаи онҳо, таҳкими бештари заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башариро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷараёни баррасии роҳҳои тақвияти минбаъдаи муколамаи созандаи сиёсии байнидавлатӣ зарурати густариши ҳамкории байнипарлумонӣ ҳамчун заминаи мусоид барои пешбурди ин раванд арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳу раванди муносибатҳои ду давлат ва аз ҷараёни рушди устувори онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, тавсеаи сохтори тиҷорати мутақобила ва ҷалби бештари сармоягузорони Қатар ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон амри зарурӣ шумурда шуд.

Тоҷикистон, дар баробари таъйиди таҷрибаи неки муштарак, алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкорияш бо Қатар дар соҳаи сармоягузорӣ иброз дошт.

Қобили тазаккур аст, ки дар ин самти шарикӣ ду давлат ҳанӯз имкониятҳои васеъ доранд ва истифодаи ҳарчи фаъоли онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои тарафҳо мебошад. Татбиқи марҳилаи аввали лоиҳаи маҷмааи “Диёри Душанбе” аз ҷониби ширкати “Диёр”-и Қатар намунаи ҳамкории самараноки ду кишвар дар ин ҷода арзёбӣ гардид.

Истифода аз имкониятҳои фаровон дар соҳаҳои энергетика, бахшҳои мухталифи саноат, бахусус саноати сабук, хӯрокворӣ, коркарди маъдан, металлургияи сиёҳу ранга, кишоварзӣ ва сайёҳӣ барои ҳар ду давлат судманд номида шуд.

Мавҷудияти имкониятҳои васеи ҳамкории судманду дарозмуддати байни ду давлат ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ, бахусус оби нӯшокӣ ва меваҷоту сабзавоти хушсифати аз лиҳози экологӣ тоза низ мавриди музокира қарор гирифт.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаи баргузории форумҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳи молу маҳсулоти ду давлат дар қаламравҳои ҳамдигар ва ба фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар рафти мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвар, имконияти густариши робитаҳои фарҳангиву башарӣ, бахусус, дар арсаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ ибрози назар намуданд.

Ба ҷониби Қатар барои кумаки беғаразона дар бунёди “Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе” сипоси самимии мардуми Тоҷикистон расонда шуд.

Дар рафти музокирот мавзуъҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ ва масъалаҳои рушду таҳкими минбаъдаи шарикии ҷонибҳо дар доираи сохторҳои бисёрҷониба — дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба Давлати Қатар барои дастгирии доимии иқдомоти глобалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” изҳори миннатдорӣ карда шуд.

Дар охир Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки бори аввал дар даври ниҳоии Ҷоми футболи Осиё иштирок менамояд, муваффақият орзу намуданд. Мавриди тазаккур аст, ки Ҷоми футболи Осиё моҳҳои январ-феврали соли 2024 дар пойтахти Давлати Қатар баргузор мегардад.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 08.06.2023

Июнь 8, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд