НАМОИШИ АСАЛ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории он дар ноҳияи Ховалинг
ДУШАНБЕ, 21.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 20 июн дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон семинар — машварати занбӯриасалпарварони ҷумҳурӣ ва намоиши асал баргузор гардид.
Дар намоиши мазкур 28 гӯша таъсис дода шуда, занбӯрпарварони ҷумҳурӣ маҳсулоти асалӣ, аз ҷумла муми занбӯри асал, гарди гул, ширеши занбӯр, шири модарзанбӯр ва навъҳои зиёди асалро муаррифӣ намуданд.
Суратгузори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин намоиш пешниҳод мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»