РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст

Октябрь 7, 2026 10:14

ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр  бо ташаббуси  Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид  барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии соҳаи пахтакорӣ ва нақши муҳими он дар рушди иқтисод ва савдои байналмилалӣ Рӯзи ҷаҳонии пахта муайян гардидааст. Пахта яке аз зироати асосӣ ва муҳими стратегӣ дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз он беш аз 200 номгӯй маҳсулоти мавриди талаботи рӯзмарраи инсоният тайёр карда мешавад, ки ягон зироати кишоварзӣ аз ҷиҳати аҳамиятнокӣ ба он баробар шуда наметавонад. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст. Ҳангоми аз 1 гектар рӯёнидани ҳосили якхелаи гандум ва пахта дараҷаи даромаднокии пахта аз 8 то 12 маротиба нисбат ба гандум бештар мегардад.

Нақшаи пунбадона дар соли 2026

Тибқи нақша, соли 2026 аз 186 ҳазор гектар кишти пунбадона 40 000 гектари онро усули зери плёнка ташкил медиҳад. Усули инноватсионии кишти чигит, аз ҷумла зери плёнка ва обёрии қатрагӣ яке аз равандҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани хароҷот ба ҳисоб меравад. Кишти зериплёнкавии пунбадона яке аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб рафта, махсусан дар минтақаҳои гарм ва камоб самаранок истифода мешавад. Дар ин усул тухмии пахта дар зери плёнкаи полиэтиленӣ кошта мешавад, ки он барои фароҳам овардани шароити мусоиди сабзиш ва нашъунамои растанӣ имконият фароҳам меорад.

Масъулини соҳа ва мутахассисони кишоварзӣ бар ин назаранд, ки дар оянда васеъ намудани кишти чигит дар зери плёнка метавонад қадами муҳим дар рушди пахтакорӣ гардад.

Ба таъкиди мутахассисон, кишти чигит дар зери плёнка аз чанд ҷиҳат бартарият дошта, ба гирифтани ҳосили фаровон ва баландсифат мусоидат мекунад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки агар дар оянда кишти зери плёнка ва обмонии қатрагӣ амалӣ шавад, ягонакунии ниҳолҳо ва коркарди байни қаторҳо аз байн меравад, зеро дар замини бо плёнкаи полиэтиленӣ пӯшида тухми пунбадона ва об сарфа мегардад, онҳо ковок меистанд ва сахт намешаванд. Нуриҳои минералӣ ба воситаи қубурҳои обтақсимкунанда сари вақт ба ниҳолҳои пахта дода мешаванд.

Аҳамияти иқтисодии пахта

Устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста мешавад, зеро тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулот истеҳсол мегардад. Ин зироатро бештар барои нахаш парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Нахи пахта ашёи асосии он мебошад. Пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, аз 34 то 35 фоиз баромади нах дорад. Ҳамчунин мо навъҳое дорем, ки фоизи баромади нахашон ба 39-40 фоиз мерасад.

Зикриёхон Ҳайдаров афзуд, ки аз як тонна пахта вобаста ба навъу намуд аз 320  то 400 килограмм ва ҳатто 420 килограмм нах истеҳсол кардан мумкин аст. Ҳамчунин аз 1 тонна пахта ҳудудан то 560 ва 600 килограмм чигит истеҳсол мегардад. Аз чигити боқимонда вобаста ба навъу намуд равған истеҳсол кардан мумкин аст. Фоизи равған ҳам дар чигити пахта якхела нест. Ҳатто равғаннокии чигит дар дохили як ғӯзаи пахта тағйир меёбад,  масалан, чигити мобайнӣ метавонад серравған бошад ва равғаннокии чигити канорӣ нисбатан кам мешавад. Инчунин ҷойгиршавии чигитҳо низ фарқ мекунад.  Ҳудудан аз чигити пахта тавассути ду маротиба коркард намудан ба ҳисоби миёна то 28 фоиз равған гирифтан мумкин аст. Ба ҳисоби миёна аз 5 килограмм чигити пахта 1 килограмм равған ё аз ин зиёд истеҳсол намудан  мумкин мебошад.

Ба таҳлили иқтисодчиён, ҳангоми коркард кардани нахи пахтаи хом  дараҷаи даромаднокии пахта нисбат ба парвариши зироати ғалла 8 маротиба бештар мешавад. Ҳангоми коркарди пурраи ин ашёи саноатӣ аҳамияти пахтапарварӣ нисбат ба ғаллапарварӣ 25 маротиба зиёдтар мегардад.

Ҷамъоварии пахта

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тибқи нақша соли 2026 кишоварзони мамлакат 394 ҳазору 700 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. То 6 октябри соли равон 140 ҳазору 291 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки дар як рӯз 3106 тоннаро ташкил медиҳад.

Ба таҳлили коршиносон, дар ҷумҳурӣ барои пайваста иҷро намудани нақшаи истеҳсоли пахта имконият мавҷуд аст. Роҳи асосии он дар баробари ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа баланд бардоштани нархи хариди пахта мебошад.

Мутахассисони Вазорати кишоварзии мамлакат иброз медоранд, ки дар айни замон дар саҳро ҳосил фаровон аст. Имрӯзҳо дар пахтазори ҷумҳурӣ барои сари вақт ва беталаф ғундоштани пахта беш аз 115 000 чинакчӣ ва ёрдамчӣ машғули коранд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 7, 2026 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст