Обшавии пиряхҳо дар Ҳимолой ба 2 миллиард аҳолии Осиё таҳдид дорад

Июнь 21, 2023 18:18

ДУШАНБЕ, 21.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Обшавии пиряхҳо дар қаторкўҳҳои Ҳиндукуш дар Ҳимолой ба 2 миллиард аҳолии минтақаҳои Осиё таҳдид дорад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Арменпресс» хабар медиҳад, дар ин хусус «Bloomberg» бо истинод ба маълумоти тадқиқотии Маркази байналмилалии рушди маҷмуии кўҳҳо, ки дар Непал ҷойгир аст, иттилоъ дод.

Обшавии пиряхҳо метавонад боиси коҳишёбии минтақаи яхбастагии абадӣ гардад ва хатари ярчу обхезиро зиёд намояд. Тағйирёбии иқлим инчунин метавонад ба коҳиш ёфтани захираҳои оби тоза дар 12 дарёи минтақа ва гуногунии биологӣ дар камарбанди Ҳимолой байни Афғонистон ва Мянмар оварда расонад.

Илова бар ин, офатҳои табиӣ ба бехатарии озуқаворӣ ва имкони тавлиди қувва тавассути неругоҳҳои барқи обӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

«Барои наҷот додани ин минтақаи муҳим ҳанӯз вақт аст, аммо танҳо ба шарте, ки аз ҳоло коҳиши босуръат ва амиқи партовҳо ба атмосфера оғоз карда шавад. Обшавии барф, пиряхҳо ва яхбастагии абадӣ маънои онро дорад, ки офатҳои табиӣ бештар ба амал омада, марговартару зиёновартар мешаванд», — гуфт муовини директори марказ Изабелла Козиелл.

Муаллифони тадқиқот муайян намудаанд, ки байни солҳои 2011 — 2020 пиряхҳо дар Ҳимолой нисбат ба даҳсолаи қаблӣ 65% бештар об шудаанд. Олимон ин равандро бо партовҳои зараровар аз манбаъҳои сунъӣ алоқаманд медонанд. Онҳо тахмин мезананд, ки агар ин тамоюл идома ёбад, пиряхҳои Ҳимолой то охири ин аср метавонанд то 80% ҳаҷми худро аз даст диҳанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 21, 2023 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид