Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст ва беҳтаринҳо соҳиби ҷоиза шуданд

Июнь 3, 2023 11:15

ДУШАНБЕ, 03.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо ва ширкату корхонаҳо иштирок намуданд.

АМИТ «Ховар» бо такя ба Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ медиҳад, ки озмун дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагон, содироти маҳсулот, муаррифии маҳсулот тва хизматрасонии ватанӣ,  баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии субъектҳои хоҷагидор, инчунин муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Агентии «Тоҷикстандарт» аз созмондиҳандагони  озмун буда, дар он 68  корхонаву муассисаи истеҳсолӣ ва хизматрасон аз пойтахт ва дигар минтақаҳо, ки дар даври  минтақавии озмун молу маҳсулоти худро ба намоиш гузошта, ғолиб омаданд, иштирок намуданд.

Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи номинатсияҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, саноатӣ, маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, таъйиноти истеҳсолию техникӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба 68 субъекти хоҷагидор ҷоизаҳо,  унвонҳои лауреат ва дипломанти озмун супорида шуд. Корхонаҳои бонуфузи мамлакат, аз қабили ҶДММ «Мармарӣ», «Акома», «Нури зулол», «Сулаймон чой», «Эскимо Мастер», Фабрикаи қаннодии «Ширин», ҳунармандон аз Суғду Хатлон ва Бадахшон, инчунин ширкатҳои сайёҳӣ, хӯроки умумӣ  ва  дигар корхонаю ширкатҳои ватанӣ ба гирифтани ҷоизаҳои озмун мушарраф гардиданд.

Ғолибон озмун имконият доранд,  ки дар озмунҳои сатҳи минтақавӣ  барои дарёфти ҷоизаи сифати маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил /ИДМ/ иштирок намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 3, 2023 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд Форуми байналмилалии «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ» баргузор мегардад
Деҳқонони хоҷагии «Ёрмуҳаммад»-и ноҳияи Кӯшониён бозори дохилиро бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин менамоянд
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 16 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ҳамоиш доир шуд
Дар доираи RES-2026 ҳамкории иқлимии кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад
Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Мински Беларус ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Дар АМИТ «Ховар» доир ба масъалаи муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон беш аз ҳазор гармхонаи доимамалкунанда фаъолият менамоянд
Дар ноҳияи Айнӣ майдони кишти картошка зиёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Се ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ карда шуд
Дар Душанбе Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказӣ таъсис меёбад