Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар семинар – машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинг

Июнь 20, 2023 10:15

20.06.2023, ноҳияи Ховалинг

Ҳозирини муҳтарам!

Семинар – машварати имрӯзаи занбӯриасалпарварони мамлакат дар диёри зебоманзари Ховалинг дар мавсими ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла асал сурат мегирад.

Ноҳияи Ховалинг бинобар мавқеи ҷойгиршавии он яке аз мавзеъҳои муҳимми аграриву саноатии мамлакат буда, шуғли 85 фоизи аҳолии қобили меҳнати он асосан кишоварзӣ, аз ҷумла ғаллакориву картошкапарварӣ, чорводориву боғдорӣ ва занбӯриасалпарварӣ мебошад.

Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти мавҷудияти захираҳои фаровони табиӣ, мавзеъҳои таърихӣ, ёдгориҳои нодир ва табиати зебои ин диёр ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои бунёди инфрасохтори зарурӣ ва дар ин асос ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ тадбирҳои муассир андешида истодааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ховалинг аз буҷети давлат беш аз 460 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Сокинони заҳматқарини ноҳия бо ҳисси баланди миллӣ ва ташаббусҳои ватандӯстона ҷиҳати истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва имкониятҳои соҳибкорони саховатпеша 342 иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз қабили муассисаҳои тандурустиву маориф, фарҳангу фароғат, варзиш ва коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки нисбат ба нақша 12 иншоот зиёд мебошад.

Ба хотири омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ сохтмони бунёди боз 202 иншооту биноҳои таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст.

Аз ин шумора то ба имрӯз 20 иншоот, аз ҷумла як қатор иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва саноату коммуникатсия сохта, ба истифода супорида шудааст.

Дар доираи сафари имрӯза дар ноҳия мо ба фаъолияти Маркази ташхису табобат, Осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ, коргоҳҳои мевахушккуниву истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва иншооти дигар ифтитоҳ бахшидем.

Ҳозирини гиромӣ!

Мавҷудияти чашмаву рӯдҳои кӯҳӣ, майдони зиёди дарахту растаниҳои шифобахш ва дигар захираҳои табиии кишвар (зиёда аз 170 намуд ва майдони 3,8 миллион гектар) заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки дар кишвар соҳаи занбӯриасалпарварӣ рушд ёфта, миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад.

Инчунин, маҳсулоти дигари соҳа, аз ҷумла мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва заҳри занбӯр, ки дар саноати дорусозӣ ва тибби муосир васеъ истифода мегардад, истеҳсол ва маҳсулоти соҳа ба хориҷи кишвар содирот карда шавад.

Ёдовар мешавам, ки дар мамлакат соли 1991 ҳамагӣ 61 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, ба ҳисоби миёна аз ҳар як оила 9,7 килограмм асал ва дар маҷмӯъ 593 тонна асал истеҳсол мегардид.

Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли асал, яъне яке аз навъҳои беҳтарини маҳсулоти табобатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиш додани даромади аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ хеле корҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ва дар асоси он якчанд қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат қабул гардиданд, ки фаъолияти соҳаро ба танзим дароварда, ба ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи он мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон бо ин, чор барномаи давлатии рушди соҳа қабул гардид, ки ба пешрафти занбӯриасалпарварӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Барои амалисозии барномаҳои мазкур аз буҷети давлат зиёда аз 10 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.

Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои рушди соҳа шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории кишвар соли 2022 ба 264 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 4,6 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 шумораи оилаҳои занбӯри асал 4,3 баробар, истеҳсоли асал 7,7 баробар ва маҳсулнокии оилаҳо 1,8 баробар зиёд гардид.

Лекин таъкид менамоям, ки бо дарназардошти шароиту имкониятҳои Тоҷикистон ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд.

Ҳамзамон бо ин, рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, танҳо аз ҳисоби ин соҳа зиёда аз 10 ҳазор нафар сокинони мамлакат бо ҷойи корӣ таъмин гардида, сатҳи зиндагии худро беҳтар намуданд.

Дар доираи татбиқи ин барномаҳо ҳазорҳо модарзанбӯри зотӣ ва оилаҳои занбӯри асал бо тамоми таҷҳизот, доруворӣ ва хӯрокӣ ворид гардида, барои беҳтар намудани зоти занбӯри асали дар кишвар парваришёбанда ва сермаҳсул гардонидани оилаҳои занбӯри асал ба занбӯрпарварони касбӣ дастрас карда шуд.

Барои тайёр намудани мутахассисони соҳа дар факултаи зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бахши занбӯриасалпарварӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол онро 25 нафар хатм мекунанд.

Инчунин, пойгоҳи моддиву техникии Корхонаи воҳиди давлатии занбӯриасалпарварии «Асали Тоҷикистон» тақвият бахшида, дар кишвар 5 корхонаи коркарди асал таъсис дода шуд.

Вобаста ба ин, Вазорати кишоварзӣ бояд якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои саривақтӣ ва пурраи чорабиниҳои барномаи соҳавии қабулгардида барои солҳои 2023 – 2027-ро таъмин намуда, бо дарназардошти имкониятҳои фаровони рушди соҳа ҷиҳати ба таври назаррас афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли асал тадбирҳои иловагиро амалӣ намояд.

Ҳамчунин, ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки барои ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати ташкили хоҷагиҳои зотпарварӣ ва ноҳиябандии навъҳои занбӯри асал чораҳои амалӣ андешанд.

Асал яке аз маҳсулоти серталаботи ғизоӣ ва воситаи муҳимми табобатие мебошад, ки ҳазорсолаҳо инҷониб мавриди истифодаи инсоният қарор дорад.

Беҳуда онро давои ҳазор дард намегӯянд.

Абӯалӣ ибни Сино низ дар ин маврид гуфтааст, ки ҳамаи шириниҳо барои инсон заҳранд, ғайр аз асал.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки тибқи маълумоти оморӣ асалпарварон нисбат ба дигар гурӯҳҳои аҳолӣ умри дарозтар мебинанд.

Аз рӯи ҳисоби мутахассисон ва олимони соҳа парвариши 30 оилаи занбӯри асал имкон медиҳад, ки талаботи молиявии як хонаводаро дар давоми сол таъмин намояд.

Дар баробари ин, истеҳсоли маҳсулоти иловагии соҳаи занбӯриасалпарварӣ даромаднокиии соҳаро баланд бардошта, имкониятҳои иқтисодии занбӯрпарваронро афзун мегардонад.

Гарчанде асал маҳсулоти асосии занбӯри асал ба шумор меравад, аммо арзиши он дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ нисбат ба дигар маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ садҳо баробар паст мебошад.

Масалан, арзиши 1 килограмм гарди гул нисбат ба асал 6 баробар, ширеш 8 баробар ва заҳри занбӯр 660 баробар баландтар аст.

Бинобар ин, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки истифодаи комплексии оилаҳои занбӯри асалро ба роҳ монда, дар қатори истеҳсоли маҳсулоти асосӣ (асал), гирифтани маҳсулоти иловагии асалпарварӣ, аз ҷумла гарди гул, ширеш ва заҳри занбӯрро васеъ ҷорӣ намоянд.

Дар кишвар оилаҳои занбӯр барои истеҳсоли маҳсулот, афзоиш додани оилаҳо, инчунин, гардолуд намудани зироатҳои кишоварзӣ истифода мешаванд.

Аммо дар аксари мавридҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ моҳияти гардолудшавии боғот ва зироатҳоро сарфи назар намуда, дар ҳудуди заминҳои ба онҳо вобасташуда ҷойгиркунии оилаҳои занбӯри асалро бе пардохти маблағ аз ҷониби занбӯриасалпарварон иҷозат намедиҳанд, ки ин боиси паст гардидани ҳосилнокии зироатҳо мегардад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар аксари кишварҳои пешрафта хоҷагидорон барои дар заминҳои худ ҷойгир намудани оилаҳои занбӯри асал ҳавасманд буда, баръакс, ба занбӯриасалпарварон маблағ низ пардохт менамоянд.

Тибқи хулосаи олимон, ҳангоми гардолудшавии растаниҳо бо занбӯри асал ҳосилнокии пахта ва офтобпараст аз 30 то 50 фоиз ва зироатҳои дар гармхона парваришёбанда то 100 фоиз баланд мешавад.

Дар Голландия ва дигар кишварҳои пешрафта махсус занбӯри асал парвариш карда, онро бо мақсади гардолудкунии гули сабзавот дар гармхонаҳо истифода мебаранд ва бо ҳамин роҳ аз як гектар замин то 500 тонна помидору бодиринг ва то 150 тонна қулфинай мегиранд.

Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкили курсҳои омӯзиширо мунтазам ба роҳ монанд.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соҳаи занбӯриасалпарварӣ эҳё гардида, дар радифи маросиму идҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳоло ба як ҷузъи фарҳанги миллии мо табдил ёфтааст.

Бо мақсади рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва ҳавасмандгардонии занбӯриасалпарварон аввалин маротиба дар кишвар соли 2005 «Иди асал» доир гардида, ҳамасола он дар пойтахти мамлакат ва шаҳру ноҳияҳо баргузор карда мешавад.

Асали Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои зиёди байналмилалӣ бо дарназардошти сифати баланд, таъми хуш ва аз лиҳози экологӣ тоза буданаш сазовори ҷоизаҳо гардидааст.

Аз ҷумла соли 2014 дар Конгресси чоруми байналмилалӣ оид ба занбӯриасалпарварӣ ва намоиши асали кӯҳӣ дар Туркия соҳиби ҷоизаи биринҷӣ, соли 2015 дар намоишгоҳи «Продэкспо – 2015»-и Федератсияи Россия соҳиби медали тилло, соли 2018 дар Иди байналмилалии занбӯриасалпарварон дар шаҳри Истамбули Туркия (намунаи асали ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Сангвор ва Шаҳристон) соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ ва соли 2019 дар намоишгоҳи байналмилалии «Асал ва маҳсулоти он» дар шаҳри Давҳаи Қатар асали Ховалинг соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ гардидааст.

Рушди соҳа ва афзоиши истеҳсоли асал имконият дод, ки дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мағозаҳои зиёди фурӯши асал ва маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ ташкил карда шуда, ин намуди маҳсулот ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мунтазам дастрас гардад.

Ҷиҳати ба роҳ мондани содироти асал дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии савдо зиёда аз сад намунаи асали Тоҷикистон аз озмоишгоҳҳои дорои аккредитатсияи байналмилалии давлати Олмон аз ташхиси лабораторӣ гузашта, бинобар мусбат арзёбӣ гардидани сифати онҳо ба бозори давлатҳои Иттиҳоди Аврупо роҳ ёфтаанд.

Вале нишондиҳандаи содироти асал то ҳол ночиз мебошад ва тамоюли коҳишёбӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии «Тоҷикстандарт» якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки барои ташкили озмоишгоҳи миллии дорои аккредитатсияи байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин, вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, Агентии содирот якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми содироти асал ва дигар намудҳои маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ чораҷӯӣ намоянд.

Вобаста ба ин, барои ташкил намудани раванди пухта гардонидани асали ба содирот нигаронидашуда дар корхонаву коргоҳҳои коркард ва бастубанди асал корҳои амалиро ба роҳ монанд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ имкониятҳои васеъ мавҷуд буда, солҳои охир нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳа афзоиш ёфта истодаанд.

Ноҳия дорои 8200 гектар замини корам, 68 ҳазор гектар чарогоҳ, 3400 гектар боғот ва 90 гектар токзор мебошад, ки барои пешбурди соҳаи занбӯриасалпарварӣ заминаи мусоид ба ҳисоб меравад.

Ҳоло дар ноҳия шумораи занбӯриасалпарварон беш аз 150 нафарро ташкил дода, соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз 4200 оилаи занбӯри асал 74 тонна маҳсулот истеҳсол шудааст.

Вале бо дарназардошти имкониятҳои ноҳия ин нишондиҳанда ҳоло ҳам нокифоя мебошад.

Асали дар ноҳия истеҳолшаванда аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатнок буда, харидори худро пайдо намудааст.

Соли 2021 дар ноҳияи Ховалинг коргоҳи коркард ва бандубасти асал бо иқтидори 6 тонна асали табиӣ дар як шабонарӯз ба фаъолият оғоз кард, ки ба рушди соҳа мусоидат менамояд.

Роҳбарону мутахассисони ноҳия бояд якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор истифодаи пурраи имкониятҳои соҳаи занбӯриасалпарвариро дар ноҳия ба роҳ монда, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, коркарду бандубасти асали аз лиҳози экологӣ тоза ва содироти ҳарчи бештари он ба хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар робита ба ин, зарур аст, ки барномаи зикршудаи рушди занбӯриасалпарварӣ таҷдиди назар гардида, кор тавре ба роҳ монда шавад, ки ҳар як хонадони мамлакат аз 5 то 10 оила занбӯри асал дошта бошад ва ҳаҷми истеҳсоли асал дар кишвар ду баробар зиёд карда шавад.

Бо истифода аз иштироки роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зарур мешуморам, ки якчанд масъалаи муҳимми дигарро таъкид намоям.

Имрӯзҳо дар ҳамаи минтақаҳои кишвар мавсими ҷамъоварии ҳосил идома дорад ва зарур аст, ки ин масъала, яъне сари вақт ва пурраву беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва барои тирамоҳу зимистон захира кардани маводи ғизоӣ таҳти назорати ҷиддии роҳбарону мутахассисон қарор дошта бошад.

Ҳамчунин, вақтро аз даст надода, дар заминҳои холишудаи обӣ бояд кишти такрорӣ, аз ҷумла маккадон, картошка, шолӣ, лӯбиёгиҳо ва зироатҳои дигар вусъат дода шавад.

Омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода ва дар навбати аввал омода кардани муассисаҳои иҷтимоӣ, инчунин, то соли нави хониш аз таъмир баровардани муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи корҳое мебошад, ки роҳбарону масъулин бояд ба он аз ҳоло эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Дар ин раванд, захираи сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ дар ҳар як оила аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад, то ин ки мардумамон дар фасли сардӣ азияту муҳтоҷӣ накашанд.

Имрӯз, ки маҳсулот фаровон аст, аз ин фурсат барои захира кардани он ҳарчи бештар истифода бояд кард.

Вобаста ба масъалаи асал ва асалпарварӣ зарур мешуморам, ки боз як нуктаи муҳимми дигарро хотирнишон намоям.

Вақтҳои охир дар кишвар гирифторшавии аҳолӣ ба бемории қанд афзуда истодааст, ки мувофиқи хулосаҳои тиббӣ, ғайр аз омилҳои дигар, бо истеъмоли нодурусти ғизо, аз ҷумла истифодаи зиёди нону ширинӣ ва дар натиҷа фарбеҳшавӣ робитаи мустақим дорад.

Ба ҳама маълум аст, ки дараҷаи қанднокии меваҳои Тоҷикистон бисёр баланд буда, кишвари мо дорои обҳои мусаффо ва ҳавои мусоид мебошад.

Аз ин имкониятҳои табиӣ оқилона истифода бурдан, ба тарзи дурусти хӯрокпазиву хӯрокхӯрӣ, аз ҷумла кам истеъмол кардани нон ва истеъмоли бештари меваю сабзавоти лазиз, фоиданок ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ, инчунин, пешбурди тарзи ҳаёти солим вазифаи ҳар як сокини мамлакат ба хотири нигоҳ доштани саломатӣ ба шумор меравад.

Хотиррасон месозам, ки саломатии ҳар як шахс, пеш аз ҳама, дар дасти худи ӯст.

Ҳозирини гиромӣ!

Баъди як ҳафта мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳимми таърихи навини кишварамон – Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд.

Ба ин муносибат қаблан ҳамаи шуморо самимона табрик мегӯям ва хотирнишон менамоям, ки истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва бақову пойдории давлати тоҷикон бар пояи ваҳдати миллӣ, яъне иттиҳоду сарҷамъии сокинони мамлакат устувор мебошад.

Ба ин маънӣ, мафҳумҳои «истиқлол» ва «ваҳдат» барои ҳар яки мо муқаддасанд ва мо бояд онҳоро гиромӣ дорем, эҳтиёт кунем ва ҳимоя намоем.

Хусусан, дар шароити ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти давлатҳо мо вазифадорем, ки беш аз ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба самти ободии Ватан ва пешрафти давлати соҳибихтиёрамон равона созем.

Мо барои амалӣ намудани ҳадафҳои олии худ ҳамаи захираву имкониятҳои зарурӣ ва қудрату тавоноиро дорем.

Сарвату қудрати асоситарини мо – мардуми қавиирода, заҳматкаш ва соҳибмаърифату таҳаммулгарои Тоҷикистон мебошад, ки бо азми қатъӣ, нақшаву ниятҳои неку созанда ва саъю талоши ватандӯстона ба сӯи фардои ободи мамлакат қадам мегузорад.

Дар охир таъкид менамоям, ки дар амал татбиқ намудани тадбирҳои зикргардида ва иҷрои дастуру супоришҳои дар машварати имрӯза додашуда барои рушди устувори минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ ва бахши занбӯриасалпарварӣ дар кишвар муҳим буда, аз вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъулияти баландро талаб менамояд.

Ба ҳамаи шумо барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда барори кор мехоҳам!

Июнь 20, 2023 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид