ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 июн, якшанбе, 162-умин рӯзи соли 2023 аст

Июнь 11, 2023 08:00

11 июни соли 2009 дар шаҳри Тошканд-пойтахти Узбекистон ҷаласаи навбатии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти фахрии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ интихоб гардиданд.

***

Дар ин рўзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Қасри таърихии Арбоб бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.

***

11 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи Баҳри Тоҷик, ки обанбори Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба ҳисоб маравад, боздид ба амал оварданд.

***

6 сол пеш, дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.  Дар мулоқот барои саҳмгузории муштарак дар татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таҳия ва қабул шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

11 ИЮН:

Дар Непал — Рӯзи шоҳ.

***

Дар Фаронса — Рӯзи падар.

***

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Рӯзи ваҳдати миллӣ.

РӮЙДОДҲО: 

11 июни соли 2019  дар шаҳри Душанбе  маросими рӯнамоии китоби Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ», ки ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст, баргузор  гардид.

***

 11 июни соли 2009 дар шаҳри Душанбе 4-умин намоиш — ярмаркаи байналмилалии саноати сабук «ИнтерЛегПром-2009» доир шуд.

***

11 июни соли 2014  Бонки ҷаҳонӣ стратегияи нави ҳамкории худро бо Тоҷикистон ба тасвиб расонид.

 *** 

 Аз 7 то 11 июни соли 2021 бо ташаббуси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато ва бо мусоидати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии давраи омӯзишӣ барои таҳия ва такмили нақшаи идоракунии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ва Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО баргузор гардид. 

ИНЧУНИН  ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2017 саноатчиёни тоҷик иди касбии худро таҷлил намуданд.  Ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи июн дар Тоҷикистон саноатчиёни тоҷик иди касбии худро таҷлил менамоянд, ки  соли  2017 он   ба 11 июн рост  омад.    Бояд тазаккур дод, ки саноати сабук  яке аз бахшҳои муҳими рушди иқтисодиёти ҳар як давлат  маҳсуб рафта, соҳаҳои нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чармгарӣ, пойафзолдӯзӣ,  инчунин истеҳсоли чармҳои сунъӣ ва дигар наху матоъҳои сунъиро дар бар мегирад.     

***

Соли 2014 таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҳисор ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000-солагии Ҳисор баргузор шуд. Аъзои Кумитаи тадорукот дар ин ноҳия бо рафти корҳои омодагӣ ба ин санаи таърихӣ ва сохтмону навсозии як зумра иншооти муҳими ҷашнӣ шинос шуданд.          

Июнь 11, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш