ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 июн, сешанбе, 164-умин рӯзи соли 2023 аст

Июнь 13, 2023 08:00

13 июни соли 2019 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамидро ба ҳузур пазируфтанд.

***

13 сол пеш, дар ин рўзи  соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, шаҳри Кӯлоб ва нимаи дуюми ҳамон рӯз ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон  сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни сохтмони хонаҳои нав ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиии шаби 6 ба 7 майи соли 2010  баамаломада аз наздик шинос шуданд.

***

13 июни соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Бундестаги (парлумони) Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ки бо роҳбарии  Дагмор Энекелман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд, масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар доираи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

 ***

Нимаи дуюми рӯзи 13 июни соли 2012  Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Конибодом ба шаҳри Исфара ташриф оварда, нахуст бо рафти корҳои азхуднамоии дашти навободи Моҳпарӣ аз наздик шинос шуданд. Дар мавзеи Моҳпарӣ бо баровардани об аз дарёи Исфара бояд наздики 3 ҳазор га заминҳои ташналаб шодоб гардида, дар зиёда аз  800 гектари он беш аз 5 ҳазор хонавода ё худ 40 ҳазор аҳолӣ дар маҳаллаҳои навбунёди ободу зебо соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, зиёда аз 2200 гектари он барои боғдорию зироаткорӣ ва ба кор таъмин кардани мардум пешбинӣ шуда буд.

13 ИЮН:

Рӯзи байналмилалии паҳн намудани маълумот дар бораи албинизм.

РӮЙДОДҲО: 

13 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи навбатии Кумитаи намояндагони аршади кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ба кори худ оғоз кард, ки дар ин нишаст намояндагони  27 давлати аъзои Машварат иштирок намуданд.

***

Дар ин рўзи соли 2018 дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии мусоидати барӯихатгирии умумии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи нахустини ин Комиссия баргузор гардид.

***

13 июни соли 2010 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоиш-ярмаркаи байналмилалии Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор  шуд.

***

  Соли 2007 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шурообод) ду дидбонгоҳи сарҳадӣ ба истифода дода шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РЎЗ… 

Соли 1951 Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД  ШУДААНД:

Одина Ҳошим-соли 1937- овозхон, навозанда ва оҳангсози тоҷик. Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар бахши адабиёт ва ҳунар

***

Ато Ҳамдам — соли 1948 — нависанда, рӯзноманигор ва драматурги тоҷик, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ. Корманди шоистаи Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Узви Иттиҳоди арбобони театрии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Июнь 13, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, ҷумъа, 334-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст