ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 июн, чоршанбе, 165-умин рӯзи соли 2023 аст
14 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар ҷарёни мулоқот масоили муносибатҳои шарикии стратегии ду давлат баррасӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
14 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол — 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок намуданд.
***
14 июни соли 2017 дар доираи сафари расмӣ ба Арманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ереван бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, бахусус рушди робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба машқгоҳи ҳарбии Чоруқдарони вилояти Суғд сафар намуда, рафти машқҳои байналмилалии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро назорат бурданд.
***
12 сол қабл, 14 июни соли 2011 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муовини президенти Агентии Ҷопон оид ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Киёшки Кодер баррасӣ гардиданд.
***
14 июни соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вақти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлат баррасӣ шуд.
14 ИЮН:
Рӯзи байналмилалии блогнависон.
***
Рӯзи байналмилалии донорҳои хун.
***
Дар Русия — Рӯзи кормандони Хадамоти муҳоҷират.
***
Дар Амрико иди миллӣ — Рӯзи парчам.
РӮЙДОДҲО:
14 июни соли 2019 намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, ки ба саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе дидан намуданд.
***
14 июни соли 2000 дар Душанбе ҷаласаи байнидавлатии Шӯрои сарони давлатҳои Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
***
14 июни соли 2017 дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: дастовард ва дурнамои он дар шаҳри Душанбе» доир шуд.
***
14 июни соли 2017 вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот, минбаъд музди меҳнати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
ИНЧУНИН ДАР ИН РЎЗ…
Соли 2022 дар Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» байни тимҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Вохӯрии ин дастаҳои мунтахаб бо ҳисоби мусовӣ 0:0 анҷом ёфт.