ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июн, ҷумъа, 167-умин рӯзи соли 2023 аст

Июнь 16, 2023 08:00

16 июни соли 2022  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар доираи  сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷайҳун ташриф оварда,  дар маркази ноҳия  нахуст Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барафрохтанд. Майдони Парчами давлатӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, шаҳраки «Дӯстӣ» дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки зиёди ҷавонон ва сокинон партавафшон карда шуд. Мувофиқи лоиҳа дарозии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун 50 метрро ташкил дода, матои он 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

***

Дар ин рўзи соли 2022  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ташриф оварда,    нахуст дар деҳоти Нури Вахш аз ҳолати нашъунамои пахтазори Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» дидан намуданд. Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» дар ноҳияи Дӯстӣ аз соли 2015 инҷониб фаъолият дошта, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам бо обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида дар самти парваришу истеҳсоли пахта ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

***

Дар ин рўзи  соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, масоили омодагӣ ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, истифодаи пурсамари заминҳои корам, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ ва тайёрӣ ба зимистонро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.

***

16 июни соли 2021 Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 16 ИЮН:

 Рӯзи байналмилалии кӯдакони Африқо.

***

Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – Рӯзи ҷавонон. 

 РӮЙДОДҲО: 

16 июни соли 2022 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Саммити дуюми минтақавӣ оид ба ҳадафҳои рушди устувор баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.

 ***

 20 сол қабл, 16 июни соли 2003  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ се лоиҳаи нав оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ба имзо расониданд.

***

Дар ин рўзи соли 2022  бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Барномаи идоракунӣ волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон, «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» ҷаласаи якуми Гурӯҳи доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон баргузор гардид.

***

14 сол қабл, 16 июни соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он масоили таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҷаҳорчӯби ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, оид ба мубориза бо хатарҳои терроризму экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуда, як қатор қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

***

16 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 34-уми Шӯрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РЎЗ…                                                           

       Соли 2014 аз  16  то  20  июн  дар  Маркази  фарҳангии  «Бохтар» — и  шаҳри  Душанбе  5  филми  мустанад бахшида ба  мубориза бо  вазъи  зиндагӣ дар  кишварҳои  мухталифи  ҷаҳон  намоиш  дода  шуд.  Дар филмҳои мазкур нишон дода шуд, ки  имрӯз мардум  ба  якдигар  робитаҳои  зич  дошта, акнун масофаю  масоҳат аҳамияте  надорад.

Июнь 16, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш