ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 июн, якшанбе, 169-умин рӯзи соли 2023 аст
18 июни соли 2022 дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуданд. Ҳадафи мулоқоти мазкур таҳлили вазъи корҳо, аз ҷумла натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Ҳукумати мамлакат ва раванди ободкориву созандагӣ, вазъи кунунии ҷаҳонӣ, дигаргуниву таҳаввулоти вақтҳои охир дар сайёра, таъсири ин омилҳо ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва муайян кардани вазифаҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ба миёномада буд.
***
18 июни соли 2014 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф дар қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб аз намоишгоҳи меваю сабзавот, хушкмева, асал ва дигар неъматҳои табиати нотакрори Тоҷикистон дидан карданд. Дар ин замина ба таъсиси корхонаю муассисаҳои муштараки истеҳсолию тиҷоратӣ ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
***
18 июни соли 2010 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Синсзян сарфароз гардонда шуд. Маросими эълон намудани ин рўйдоди фараҳбахш ва супурдани дипломи унвони профессори фахрӣ, мантия ва кулоҳи махсуси он дар толори китобхонаи Донишгоҳи Синсзян баргузор гашт.
***
13 сол қабл, 18 июни соли 2010 баъди анҷоми Форуми тоҷирону соҳибкорон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз корхонаҳои саноатии ширкати ТВЕА- и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар наздикии шаҳри Урумчӣ қарор дорад, ташриф оварда, бо кори он аз наздик шинос шуданд ва бо роҳбарияти ширкат масоили таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор ба Бразилия сафар намуданд.
18 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Озарбойҷон – Рӯзи ҳуқуқи инсон.
РӮЙДОДҲО:
18 июни соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 44-уми Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.
***
20 сол муқаддам, 18 июни соли 2003 масъалаи рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ гардид.
***
15 сол пеш, 18 июни соли 2007 дар шаҳри Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва тасдиқкунии сарҳад ба кор (7-рӯза) шурӯъ намуд.
***
18 июни соли 2009 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Шӯрои машваратӣ оид ба зиёд намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи Барномаи «Баланд бардоштани фазои соҳибкорӣ-200 рӯзи ислоҳот» қабул гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба намояндагони як қатор расонаҳои ахбори умуми ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба ороста, барпо намудани робитаҳои мустақимро бо ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйѓури Ҷумҳурии Мардумии Чин «як қадами муҳим дар барқарорсозии шохаҳои Шоҳроҳи бузурги Абрешим» маънидод намуданд. Зимни пурсишу посух Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намояндагони воситаҳои ахбори умуми ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин даъват сохтанд, ки барои шиносоии наздик ва инъикоси бештари рўйдодҳои Тоҷикистон ба кишвари мо пайваста сафар намоянд.