ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 июн, ҷумъа, 174-умин рӯзи соли 2023 аст
23 июни соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 13-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ва шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд. Сафари Президенти мамлакат аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Мардуми шукргузори ноҳия Сарвари давлатро бо шукўҳу шаҳомати хоса ва муҳаббату самимияти зиёд истиқбол гирифтанд.
***
10 сол пеш, 23 июни соли 2013 Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо олитарин мукофоти давлатии худ- ордени «Муборак Алкабир» сарфароз намуд. Инчунин аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ бо ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи I» сарфароз гардонида шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар Қасри Подшоҳи Малайзия дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи ин кишвар волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои Тоҷикистону Малайзия баррасӣ карда шуданд.
***
23 июни соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид.
***
23 июни соли 2017 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди фитр ба Муассисаи махсуси таҳсилоти асосӣ «Мактаб — интернати ёрирасони рақами 3»- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари шиносоӣ бо шароити моддию маънавии бошандагони ин даргоҳи илму маърифат, ҳамчунин ба 100 нафар кӯдакони маъюби мактаб — интернат ва 101 нафар тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1 — и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки барои мулоқот бо Президенти мамлакат ба ин ҷо омада буданд, сару либос ва дигар кумакҳои моддӣ тақдим намуданд.
***
Дар ин рўзи соли 2021 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд. Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Узбекистонро мавриди муҳокима қарор дода, ҷараёни устувори рушди онҳоро дар сиғаи шарикии стратегӣ қайд карданд ва аз натиҷаҳои музокироти начандон пешинаи сатҳи олӣ, ки дар шаҳри Душанбе зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон доир гардиданд, изҳори қаноатмандии амиқ намуданд.
23 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии олимпӣ.
***
Рӯзи байналмилалии хизматчиёни давлатӣ.
***
Дар Молдавия — Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Қазоқистон — Рӯзи политсия.
РӮЙДОДҲО:
23 июни соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Чин мавриди музокирот қарор дода шуд.
***
Дар ин рўзи соли 2022 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия намоиши «Асарҳои рассомони рус аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид, ки он то 23 август идома ёфт.Дар намоиш 62 адад мусаввараҳои 50 рассомони рус аз қабили офаридаҳои И.К. Айвазовский, А.А. Дейнека, А.К. Саврасов, Б.М. Кустодиев, В.А. Серов, В.Е. Маковский, И.Н. Крамской, И.Э. Грабар, И.Е. Репин, И.И. Левитан, П.С. Шилтсов, В.И. Суриков, И.И. Шишкин, Ю.И. Пименов, Ю.П. Кугач ва дигарон ба маърази тамошо гузошта шуданд.
***
23 июни соли 2022 дар муҷтамаи «Манеж»-и шаҳри Душанбе калонтарин Намоишгоҳи байналмилали универсалӣ — Ярмаркаи «Тоҷикистон-2022» бо ширкати беш аз 70 корхона ва ширкатҳои саноатӣ аз Узбекистон, Олмон, Эрон, Русия, Корея, Чин ва Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 26 июн идома ёфт. Дар намоишгоҳ зиёда аз 70 корхонаю ташкилот, аз ҷумла Фабрикаи қаннодии «АМИРӢ», Корхонаи саноатии «СИЁМА», ҶДММ «МАРМАРӢ», ҶДММ «САРДОР», Памир-Голд, ГУП «Комбинати хӯрокворӣ», ҶДММ «Шифо чой», ҶДММ «Фаровон-1», ҶДММ «Сем Инвест», ТАЛКО, ҶДММ «РАХШ ПОКСОН», СИ «SIMON COSMETICS», TOO «XEФЕЛЕ» ва дигар корхонаҳои дохилию хориҷӣ молу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.
***
23 июни соли 2004 Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуд, ки тибқи он воситаҳои ахбори оммаи чопӣ барои нашр ва паҳн намудани ахбор аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур котибони шӯроҳои амният ва ҳайатҳои расмии давлатҳои аъзо, аз ҷумла Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ба таври ҳузурӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шакли маҷозӣ иштирок намуданд. Тибқи рӯзномаи тасдиқгардидаи вохӯрии мазкур, котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ доир ба вазъ дар самти амният ва субот дар фазои СҲШ мубодилаи афкор намуданд.