ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 июн, шанбе, 175-умин рӯзи соли 2023 аст
24 июни соли 2004 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармонро дар бораи тасдиқи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.
***
10 сол пеш, 24 июни соли 2013 дар меҳмонхонаи Шератони шаҳри Алкувайт бо иштироки Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати расмии Тоҷикистон ва шумораи зиёди алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик маросими муаррифии китоби арзишманди таърихӣ- «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
24 июни соли 2018 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим, шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташриф оварданд. Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуда, баъди шиносои бо лоиҳаи ҶСП «ТАЛКО Голд» Сарвари давлат барои бунёди ин корхонаи бузурги саноатӣ санги асос гузоштанд.
***
5 сол пеш, 24 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлил аз ҷашни бузури давлатӣ — 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳия бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Қасри фарҳанг расман оғоз бахшиданд. Бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дорои 600 ҷойи нишаст мебошад.
24 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони саноати мошинсозӣ.
***
Дар Венесуэла — Рӯзи артиш.
***
Дар Шотландия — Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Фаронса — Рӯзи эълон намудани ҷумҳурӣ.
РӮЙДОДҲО:
24 июни соли 2008 дар Душанбе Боғи «Пойтахт» ба истифода дода шуд.
***
9 сол қабл, 24 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон баргузор гардид.
***
24 июни соли 2019 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод майдончаи варзишии футболбозӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ, ки аз ҷониби Федератсияи Футболи Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.
***
4 сол пеш, 24 июни соли 2019 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод Майдони Парчам ва Нишони давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар масоҳати умумии 1,30 гектар бунёд гардидааст. Қомат афрохтани ин рамзҳои давлатдорӣ ба симои ноҳия шукуҳу шаҳомати нав зам менамояд. Бояд гуфт, ки то ин дам дар ноҳияи Тоҷикобод чунин макони истироҳатию фароғатӣ мавҷуд набуд. Акнун Боғи Парчам ва Нишони давлатӣ барои истироҳату фароғати сокинони ноҳия имконияти хубе фароҳам меорад.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2018 бинои хобгоҳи интернати наздимактабии ба номи Додоҷон Бойматов бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои нави дуошёнаи хобгоҳи наздимактабӣ аз 26 ҳуҷра, аз ҷумла, 20 ҳуҷраи хоб ва дигар утоқҳо иборат буда, бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Дар интернати наздимактабӣ 50 нафар тарбиятгиранда бо шумули 13 нафар ятим ва боқимонда фарзандони оилаҳои ниёзманд аз деҳаҳои дурдаст ба таълиму тарбияи ҳамаҷониба фаро гирифта шудаанд.