ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 июн, ҷумъа, 181-умин рӯзи соли 2023 аст
30 июни соли 2022 бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳо марбут ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, аз намоишгоҳи зардолу ва асал дидан намуданд.
***
30 июни соли 2019 дар шаҳри Минск мулоқоти сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Русия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Александр Лукашенко ва Владимир Путин баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар ҷаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
***
Дар ин рўзи соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Беларус Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Комбинати кишоварзии «Дзержинский» шинос шуданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Комбинати кишоварзии «Дзержинский» яке аз коргоҳҳои бисёрсоҳа ва калонтарини саноатии Беларус буда, парвариши чорво, парранда, истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни гӯштию ширии чорво, гӯшти мурғ, ҳасибҳо, тухм, дар маҷмӯъ беш аз 80 намуди маҳсулотро ба роҳ мондааст.
***
12 сол пеш, 30 июни соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ёвари вақти котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба муборизаи байналмилалӣ бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ Вилям Браунфилд ҳамгироии муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мусоидат ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро муҳокима намуданд.
30 ИЮН:
Рӯзи байналмилалии астроидҳо
***
Дар Гватемала — Рӯзи артиш.
***
Дар Ҷумҳурии Демократии Конго — Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Салвадор –Рӯзи кормандони бонк.
***
Дар Муғулистон — Рӯзи қабули Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
30 июни соли 2016 «Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул карда шуд.
***
30 июни соли 2022 дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, даъвати шашум номи ду қулла иваз гардид. Қуллаи Маяковский ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ва қуллаи Октябрский ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат гузошта шуд.
***
30 июни соли 2020 дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ба истифода дода шуд.
***
30 июни соли 2010 татбиқи Лоиҳа оид ба ислоҳоти замини Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID), ки барои тақвият ва ҳифзи ҳуқуқи истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, расман оғоз гардид.
ИНЧУНИН ДАР РӮЗ…
Соли 2009 дар Агентии «Тоҷикстандарт» маросими супоридани ҷоизаҳо ба 21 корхонаи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид, ки маҳсулоти худро ба озмуни «Молҳои беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда буданд. Дар озмун умуман 35 корхона иштирок дошт. Дар байни онҳо корхонаҳои «Шириниҳои Шарқ», «Корхонаи шири Душанбе», «Шоҳона», «Ширин», «Нафиса», «Гулистон» ва «Тоҷиксемент» ба озмуни хотимавӣ роҳхат гирифтанд.