ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Чаро сомонаҳои расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Сангвор ва Файзобод ба талабот ҷавобгӯ нестанд?
ДУШАНБЕ, 23.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Бори дигар хотирнишон месозам, ки танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад», — иқтибос аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, аз 20 марти соли 2012.
Дар робита ба ин, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» нашри силсилаи мақолаҳои таҳлилиро оид ба сохт, сифат, мазмуну мундариҷаи сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дода, ин навбат вазъи сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Сангвор ва Файзободро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Қабл аз иншои натиҷаҳои ҷустуҷӯи сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет таъкид менамоем, ки ҳадафи Агентӣ танқиди хушку холӣ нест, балки ҷалб кардани таваҷҷуҳи шахсони мутасаддӣ ба ташаккул додани ҳукумати электронӣ, бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда, дастрасии сокинон мамлакат ва хабаргузориҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба иттиллои дурусту саривақтӣ ва ба ҳамин тартиб пешгирӣ кардан аз паҳн шудани хабарҳои бардурӯғу беасос мебошад.
Таърих шоҳид аст, ки дар нимаи аввали солҳои 30-юми асри гузашта дар кишвари пешрафтаи Аврупо маҳз ба воситаи таблиғу ташвиқи густурда ба мафкураи сокинони он давлати бузург сиёсати миллатгароӣ ҷойгир карда шуд, ки оқибат ин сиёсати барғалат боиси сар задани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ гашт.
Имрӯз ҳам бо роҳи таблиғу ташвиқ мафкураи сокинони як қатор давлатҳои паҳно ва ҳамсарҳад бо ғояҳои асримиёнагӣ, хурофот, ҷоҳилизм заҳролуд шуда истодааст. Бадбахтона, ин раванди шармоварро пешбарандагони ғояҳои асримиёнагӣ, хурофот, ҷоҳилизм ба воситаи шабакаи ҷаҳонии Интернет таблиғ ҳам мекунанд.
Дар баробари ҳамин боз ҳам ба воситаи шабакаи ҷаҳонии Интернет фисқу фасод ва муносибатҳое, ки на танҳо барои фаҳму идрок, дину ахлоқи миллати мо бегона ҳастанд, балки дар бобати онҳо ҳатто суҳбат кардан айб дониста мешавад, паҳн ва таблиғ мешавад.
Ба ибораи дигар, аз ин воситаи осону беминнат, яъне шабакаи ҷаҳонии Интернет қувваҳои бад ва зишт низ истифода мебаранд, ки зарару оқибати ногувори онро надидан имкон надорад.
Дар замони муосир, қариб ҳар рӯз намояндагони расмии ҳукумату мамлакатҳои пешрафта ва таъсиргузор дар симои сухангӯёни худ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, YouTube, WhatsApp, Instagram, Facebook-мессенджер, Tik -Tok, Telegram, Твиттер ва ғ.) оид ба ҳодисаву воқеаи баамаломада вокуниши фаврӣ нишон дода, муносибат ва сиёсати худро вобаста ба он ҳодиса ва ё воқеа равшан таъкид месозанд.
Албатта, мо намегӯем, ки ба онҳо тақлид кунем, балки таъкид кардан мехоҳем, ки имконияти Интернет фаровону зудтаъсир аст. Бинобар ҳамин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳоро мебояд ба воситаи сомонаҳои расмии худ оид ба корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ саривақт, босифат ва пурра маълумот диҳанд, аз иҷрои Барномаҳои қабулгардида, раванди иҷрои супоришҳои роҳбарияти мамлакат ҳисобот пешниҳод кунанд, мавҷуд будани мушкилотро пинҳон насозанд, балки барои бартараф намудани он камбудиву нуқсонҳо пешниҳоди худро ироа ва аҳли ҷомеаро барои саҳмгузорӣ кардан ҳидоят намоянд.
Тавре мақолаҳои таҳлилии пештар нашршуда нишон медиҳанд, сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо бештар аз хабарҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иборат ёфтаанд, вале дар бораи фаъолияти худ дар маҳалҳо хабари тозанашр надоранд. Ҳол он ки сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо агар доир ба ҳар як дастоварду муваффақиятҳои худ хабару гузоришҳо нашр кунанд, агентиҳои иттилоотии марказӣ ва сомонаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он бо такя ба ин сомонаҳои расмии шаҳру ноҳияҳо хабару гузоришҳои зиёд таҳия мекунанд. Бад ин васила эътибори сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо низ боло меравад. Илова ба ин чунин тартиби иттилоърасонӣ дар ҳама кишварҳои ҷаҳон таҷриба ва қобили қабул дониста шудааст.
Бегуфтугӯ барои созмон додан ва ба роҳ мондани сомонаҳои расмӣ имконияти молиявӣ ва кадрҳои соҳавӣ зарур мебошанд. Барои таҳия ва фаъол намудани сомонаҳои расмӣ ва ҷорӣ кардани ҳукумати электронӣ қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат қабул шуда, мавриди амал қарор дорад. Фаъол набудани сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат маънои иҷро накардани Қарори Ҳукуматро дорад.
Ҳоло барои хонандагон натиҷаи омӯзиши сомонаҳои расмии баъзе аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро пешкаш мекунем.
Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт — http://rasht.tj
Саҳифаи аввали сомонаи расмии мақомоти ноҳияи Рашт бо рамзҳои давлатии мамлакат зебо ва пурмӯҳтаво ороиш дода шудааст.
Дар бахши хабарҳо охирин хабар аз 10 июн (Дар бораи бо медали Ҷасорат мукофотонида шудани сарбози шаҳид Ҷумаев Сабриддин) гузошта шудааст.
Мутаассифона, бо гузаштани инак 11 рӯз аз санаи 10 июн дигар хабари нав дар сомона гузошта нашудааст. Бояд этироф кард, ки дар муқоиса бо сомонаҳои расмии дигар шаҳру ноҳияҳо сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт як сатҳ боло ва беҳтар мебошад. Ҳатто барои шахсони имконияташон маҳдуд саҳифаи махсус кушода шудааст. Аз камбудиҳо метавон ҷойгир нашудани Барномаҳои давлатии рушди маҳал, қариб холӣ будани бахшҳои русӣ ва англисӣ, такрор шудани як хабар дар чанд рубрикаро баён кард.
Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш — http://lakhsh.tj/
Намои сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Лахш, ороиш ва ҷобаҷогузории хабару мақолаҳо ва дигар маводи иттилоотӣ одӣ ва дур аз касбият таҳия шудааст.
Дар саҳифаи аввали сомона мақолаи У.Назаров оид ба Ҳабибуллои Калаконӣ аз нашрияи «Ҷумҳурият» бознашр шудааст. Дар саҳифаҳои дигари сомона мақолаи сомонаи «Азияплюс» дар бораи ба ҷавобгарӣ кашида шудани собиқ сарбозон ва афсари қушунҳои сарҳадӣ бознашр шудааст. Аммо маълум нест, ки чаро ин хабар ду маротиба нашр шуда, дар поёни он муаллиф Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Лахш нишон дода шудааст:
Муалиф Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш
Дар саҳифаи сомона дигар ягон хабари нав аз ҳаёти ноҳия нест, гузашта аз ин дар хабарҳои пешина таърихи рӯз гузошта нашудааст. Ягона бартарии сомонаи расмии Лахш ин аст, ки дар бораи ҷамотаҳои деҳот маълумот дода шудааст. Мутаассифона, баъзе рубрикаҳои сомона холӣ буда, ягон маълумот надоранд, чунончӣ бахши фарҳанг:
Бахшҳои русӣ ва англисии сомона фаъол нестанд, ҳамчунин дар сомона хатоҳои грамматикӣ ниҳоят зиёд мебошанд:
Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор — https://sangvor.tj
Таҳия ва ороиш, намо ва мундариҷаи сомонаи мазкур низ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда наметавонад:
Дар сомона ягон хабари нав нест, рубрикаи тамос холист:
Рубрикаи «ташриф ба ноҳия» (боварӣ дорем, ки на танҳо мо, ҳамчунин шумо низ бори аввал бо чунин рубрика (бахш) дучор мешавед) холӣ мебошад:
Ҳамин тавр дар сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор ягон маводи хуб, мутаассир пайдо нашуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод — http://faizobod.tj
Маводи охирине, ки дар сомонаи мазкур гузошта шудааст аз 14 июн мебошад, он ҳам «Табрикоти раиси ноҳия ба муносибати таъсисёбии 92- солагии ноҳияи Файзобод».
Ҳамин хатои ҷиддӣ, ки дар сарлавҳа омадааст, аз муносибати сарди масъулони сомона дар бахши расонидани иттилои саривақтӣ, дақиқ гувоҳӣ медиҳад. Ба якчанд саҳифа (бахш)-ҳои сомона ворид шудем, аммо бештари онҳо холӣ аз маълумот буданд:
бахши таърих:
Ҳамин тавр, омӯзиши сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Рашт, Лахш, Сангвор ва Файзобод, ҳамчунин мақолаҳое, ки қаблан АМИТ «Ховар» дар хусуси ҳолат, сифат ва мазмуну мундариҷаи сомонаҳои шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун, Турсунзода, Ҳисор, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва вилояти Хатлон нашр карда буд, шаҳодат аз он медиҳад, ки дар раванди татбиқи Ҳукумати электронӣ агарчӣ Қоидаҳои ягона қабул шуда бошад ҳам масъулон онро пурра ва то ба охир иҷро накардаанд.
Шояд вақти он расида бошад, ки роҳбарони вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сари ин масъала ҷиддӣ андеша кунанд. Агар зарур бошад, ба Қоидаҳои ягона тағйирот ворид карда шавад, шояд барои ҳамаи масъулони сомонаҳои расмии шаҳру ноҳияҳо барномаҳои омузишӣ таҳия ва гузаронида шавад.
АМИТ «Ховар» минбаъд низ сомонаҳои вазорату идораҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, натиҷаҳои онро барои хонандагон пешниҳод мекунад.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»