ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1300 то 0.1334 сомонӣ муқаррар карда шудааст
ДУШАНБЕ, 14.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 10.9140 сомонӣ;
1 евро – 11.7817 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1300 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.9130 то 10.9400 сомонӣ;
1 евро аз 11.7598 то 12.0000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0. 1320 то 0.1334 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».