29 ИЮЛ- РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПАЛАНГ. Ин ҳайвони дарранда аз 20 то 30 сол умр дида, дар табиати ёбоӣ нақши санитарро мебозад
ДУШАНБЕ, 29.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябри соли 2010 дар Форуми байналмилалӣ оид ба масоили вобаста ба ҳифзи паланг дар рӯи Замин, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир гардид, қарор қабул шуд, ки 29 июл — Рӯзи байналмилалии паланг эълон карда шавад.Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзуъро тафсил медиҳад.
Паланг дар табиат яке аз ҳайвонҳои даррандаи бузургҷусса буда, аз лиҳози вазн ва дарозии бадан аз дигар даррандаҳои оилаи гурбашакл тафовут дорад. Паланг 10 ҳазор сол қабл аз ҷангалзори Сибир ба шимоли Чин ва Корея кӯчиши биологӣ намуда, тавассути қаторкӯҳҳои Ҳимолой ба Ҳиндустон, ҷазираҳои Малайзия, Суматра, Ява, Балӣ ва дигар давлатҳои ҳаммарз бо ин кишварҳо муҳоҷират намудааст.
Тибқи маълумот, бо таъсири фаъолияти инсон дар асрҳои 19-20 саршумори паланг дар сайёраи Замин ба 100 ҳазор сар рост меомад, аммо то имрӯз саршумори паланг дар экосистемаҳои табиӣ 6,5 ҳазор сарро ташкил дода, сабаби аз байн рафтани баъзе намудҳои паланг дар табиати ёбоӣ гардидааст. Яке аз онҳо паланги тӯронӣ аст, ки тахминан 2 миллион сол пеш дар шимоли Чин ва 1,5 миллион сол пеш дар Осиё пайдо шудааст.
Ба гуфтаи коршиносон, паҳншавии паланги тӯронӣ дар солҳои 30-юми асри XX дар соҳилҳои Амударё ва Вахшу Панҷ ва дигар экосистемаҳои кишварҳои Эрон, Ҳиндустон, Чин, Наздибайкали Русия мушоҳида гардид. Бо таъсири қонунияти табиат дар шароити табиати ёбоӣ аз 9 намуди паланг- амурӣ, бенгалӣ, ҳиндучинӣ, чинӣ, сумариягӣ, баливягӣ, яваягӣ, тӯронӣ ва каспий, 3 намуд -баливягӣ, яваягӣ ва тӯронӣ пурра аз байн рафтаанд.
Бояд тазаккур дод, ки паланги тӯронӣ тахминан 1,5 млн сол муқаддам аз ҳудуди Чин ба Осиёи Миёна кӯчиши биологӣ намуда, солҳои 1930 ба воситаи соҳилҳои Амударё ба экосистемаи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ворид шудааст. Паланг дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон дар солҳои 30-юми асри ХХ дар поёноби дарёи Панҷ, Вахш, водии дарёи Панҷ, поёноби Чубек, Қизилсӯ, Яхсу ареали худро паҳн карда буд. Дар солҳои 1930-и асри ХХ дар поёноби дарёи Вахш 15-20 паланг мушоҳида гардид. Дар водии Ҳисор соли 1938 дар собиқ ноҳияи Роҳатӣ нахустин паланг мушоҳида ва маҳв шуд.
Соли 1948 дар 100 км ҳудуди туғайзори қисми чапи соҳили дарёи Вахш 3 паланги тӯронӣ ва якчанд сол баъд ҳолати афзоиши паланг дар туғайзори тарафи рости дарёи Панҷ, инчунин ҷамъшавӣ ва афзоиши паланги тӯронӣ ба назар расид. Соли 1950 ареали паланг дар ҳудуди мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» маҳдуд ва соли 1954 дар фасли тобистон охирон маротиба паланги тӯронӣ мушоҳида гардид.
Мушоҳидаҳо бозгӯи он мебошанд, ки дар натиҷаи сӯхтори туғайзори тарафи чапи дарёи Панҷ ва дигар омилҳои антропогенӣ паланги тӯронӣ аз минтақаи мазкур муҳоҷират намуд. Афзоиши паланги тӯронӣ дар табиати ёбоӣ, мутаассифона, имрӯз ба назар намерасад ва паланги тӯронӣ ҳамчун зернамуд маҳв гардидааст.
Барои барқароркунии ареали паланги тӯронӣ соли 1998 Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардид ва паланги тӯронӣ барои наҷот ёфтан ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд. Коршиносон бар ин назар ҳастанд, ки дар шароити табиии Тоҷикистон ва дар ҳолати ҷудо кардани замини хос барои сукунати паланг, хусусан бо дарназардошти васеъ намудани ҳудуди мамнуъгоҳ бо масоҳати беш аз 100 ҳазор гектар дар заминҳои ҳавзаи Амударё ва Панҷу Вахш, ки садҳо ҳазор гектар заминҳои бекорхобида вуҷуд дорад, имконияти барқароркунии популятсияи палангро дар шароити табиати ёбоӣ таъмин намудан мумкин аст.
Агар аз нигоҳи хусусияти биологӣ гирем, паланг дар об шиною оббозӣ намуданро бештар дӯст медорад ва барои наҷот ёфтан аз гармии ҳаво ва вазиши шамоли хушк бештар ба дохили об медарояд. Ин даррандаи зебо бо таъмини ғизои устувор то 20 сол ва дар баъзе ҳолатҳо то 30 сол умр мебинад. Палангон шабонгоҳҳо бештар то 90-100 км масофаро озодона тай намуда, барои шикор минтақаҳои сукунати ҳайвонҳои сумдорро интихоб менамоянд. Паланг даррандае аст, ки тозагиро бештар дӯст дорад, аз ин рӯ баъди шикор ба об даромада, худро аз ифлосиҳо пок ва дар офтобрӯя фароғат менамояд.
Сардии ҳаво ва бориши барф барои шикори палангон монеаҳои зиёд пеш меорад. Паланг аз ҳайвонҳои сумдор -оҳуи бухороӣ, бузи кӯҳии сибирӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал), хук ва олами паррандагон, каламӯш ва заргӯшро шикор мекунад. Паланг аз 3 то 6 м ҷаҳиш намуда, сайдро ба осонӣ дошта мегирад. Паланг сайди худро аз масофаи 300 — 400 м назорат ва бо суръати баланд шикор менамояд.
Макони зисти палангон асосан зер ва дохили анбӯҳи дарахтон, заминҳои оббурда ё ғорҳо, дохили найзорон, буттагиҳо, муҳити найзор ва растаниҳои бисёрсола мебошад. Паланг дар табиати ёбоӣ нақши санитари табиатро бозида, дар нобуд ва безарар намудани ҳайвонҳои фавтида ва дорои бемориҳои сироятӣ, паҳнкунандаи олами набототи захираҳои ҷангал, таъмини мувозинати биологии олами ҳайвоноти алафхӯр саҳм дорад.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Ҳазрати Шоҳ, Вахш, Дарвоз, Академияи илмҳо, Пётри I, Ванҷ, Язгулом, Рӯшон, Шоҳдара, Вахон, Аличӯри Ҷанубӣ ва Шимолӣ бабри барфӣ паҳн гардидааст. Назар ба иттилои коршиносони ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда, ҳафтод фоизи паҳншавии бабри барфӣ дар ҳудуди кӯҳҳои Помир ба баландиҳои 2000 то 5200 метр аз сатҳи баҳр рост меояд. Макони сукунати бабри барфӣ асосан марғзори субалпӣ ва алпӣ, нишебиҳои тез, дараҳои чуқур, харсангҳо ва сангтӯдаҳо мебошад.
Нақши биологии бабри барфӣ дар таъмини мувозинати биологии экосистемаҳои табиӣ, занҷири ғизоӣ, устувории экосистемаҳои табиӣ, рушди ҷангалзор, марғзори табиӣ, чарогоҳҳои табиӣ аҳамияти хосса дорад. То нимаи солҳои 60-уми қарни гузашта дар Тоҷикистон саршумори бабри барфӣ ҳазор сар арзёбӣ гардидааст.
Саршумори бабри барфӣ дар мамлакат ҳудуди 250 сарро ташкил медиҳад. Бабри барфӣ ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, шикори он қатъиян манъ аст. Зеро бо таъсири омилҳои экологӣ маҳдудшавии ареалӣ бабри барфӣ ва маҳвшавии он дар Тоҷикистон дар 50 соли охир бошиддат боло рафта, маҳдудшавии ареал ва миқдори популятсияи бабри барфӣ то 50-70 % афзудааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз








НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»






