ҲАМОИШИ ҶИДДА. Он нишонаи таваҷҷуҳи давлатҳои арабии Халиҷ ба имконияти фаровони ҳамкории тиҷоратӣ ва сармоягузории Осиёи Марказӣ мебошад

Июль 21, 2023 10:21

ДУШАНБЕ, 21.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамоиши нахустини Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ, ки 19 июли соли 2023 дар шаҳри Ҷидда баргузор гардид, баёнгари саъю талошҳои мутақобил баҳри ба роҳ мондани муколамаи сиёсӣ, густариши ҳамкорию ҳамгироии давлатҳои ду минтақаи аз лиҳози геостратегӣ муҳим буда, дар ростои муқаррароти Нақшаи корӣ барои солҳои 2023-2027, ки 7 сентябри соли 2022 дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии ин давлатҳо қабул шудааст, қарор мегирад.

Ҳамзамон ин ҳамоиши сатҳи олиро ҳамчун нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни кишварҳои арабии Халиҷ ба имконияти фаровони ҳамкории тиҷоратӣ ва сармоягузории Осиёи Марказӣ, платформаи муҳими табодули афкор ва тарҳи пешниҳоду ташаббусҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамгироӣ метавон арзёбӣ кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ин ҳамоиш аз ҷумла иброз доштанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Халиҷро муштаракоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ бо ҳам мепайванданд. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳкими робитаҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ муайян намуда, ба ояндаи онҳо назари нек дорад. Дар ин замина мо аз ташаббуси ба роҳ мондани  муколамаи стратегӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Халиҷ» ҷонибдорӣ менамоем.

Аз нигоҳи Президенти Тоҷикистон  истифода намудани иқтидори ниҳодҳои молиявии кишварҳои арабии Халиҷ, аз ҷумла фондҳои рушди Арабистони Саудӣ, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, инчунин Маркази имдоди Шоҳ Салмон, Созмони Шайх Зойид ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд барои ҷалби  сармояи кишварҳои ҳавзаи Халиҷ ба иқтисоди Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда,   талош дорад бахши энергетикаи «сабз»-ро тавассути сохтани силсиланеругоҳҳои гуногунҳаҷм ҳамаҷониба ба нафъи тамоми минтақа рушд диҳад, муҳим хоҳад буд.

Дар ин робита Пешвои миллат дар ҳамоиш пешниҳод намуданд, ки барои сармоягузорӣ ва дастгирии рушд дар сиғаи «Осиёи Марказӣ-Халиҷ» фонди махсус таъсис дода шавад.

Дар хотимаи ҳамоиш Эъломияи муштарак иборат аз 22 банд қабул гардид, ки дар он Сарони давлатҳо бо таваҷҷуҳ ба арзишҳову манофеи муштарак ва робитаҳои амиқи таърихӣ байни Шӯрои Халиҷ ва Осиёи Марказӣ аҳамияти таҳкими муносибатҳои сиёсию стратегиро дар сатҳҳои дастҷамъӣ ва дуҷониба таъкид карда, идомаи ҳамоҳангии сиёсиро ба манзури таъмини амният ва субот дар минтақа ва ҷаҳон, мубориза бо чолишҳо, ҳамкорӣ дар рушди энергияи «сабз», дастгирии имконияти сармоягузорӣ ва афзоиши табодули тиҷоратӣ мувофиқи мақсад донистанд.

Зарурат ва аҳамияти ташвиқи ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, аз ҷумла тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҳамкории иттилоотӣ, пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, табодули таҷриба ва тайёр кардани мутахассисон ба таври махсус иброз дошта шуд.

Сарони давлатҳо аз тасмими Арабистони Саудӣ барои мизбонии ҳамоиши сармоягузории кишварҳои Халиҷ ва Осиёи Марказӣ дар семоҳаи чаҳоруми соли равон ва ташаббуси Қирғизистону Туркманистон барои мизбонии инчунин ҳамоиши сармоягузорӣ дар соли 2024 истиқбол намуданд.

Ҳамчунин Сарони давлатҳои Халиҷ ва Осиёи Марказӣ терроризмро дар ҳама шаклҳо ва зуҳуроташ маҳкум карда, дар ин росто натиҷаҳои конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» (Душанбе, 18-19 октябри соли 2022) ва ҷаласаи сатҳи вазиронро оид ба ҳампаймонии байналмилалӣ  ба муқобили «Давлати исломӣ» (ар-Риёз, 8 июни соли 2023) баланд арзёбӣ намуданд.

Илова ба он Сарони давлатҳо иброз доштанд, ки бахше аз ҷаҳони ислом имрӯз бар асари пайомадҳои тағйирёбии иқлим, вазъияти геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ бо мушкили дастрасӣ ба амнияти озуқаворӣ мувоҷеҳ мебошад, ки он зарурати таҳкими ҳамкориро дар доираи Созмони Ҳамкории Исломӣ ба миён меорад.

Қарор шуд, ки ҳамоиши ояндаи сатҳи олии Халиҷ-Осиёи Марказӣ соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши Ҷидда бо Валиаҳд, Раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон оли Сауд мулоқоти муҳим анҷом доданд, ки дар он маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.

Ҳамчунин Пешвои миллат ва ҳайати ҳамроҳ бо истифода аз ин фурсат маносики умраро адо намуда, дар намози худ дар дохили Каъбатуллоҳ барои сарҷамъию осудагии мардуми шарифи Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон дуои хайр намуданд.

 Шаҳлохон МУРОДАЛӢ,
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Наздик ва Миёнаи
Институти омӯзиши  масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»

 

Июль 21, 2023 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Табобати нодурусти ангина сабаби гирифторӣ ба дигар бемориҳо мешавад
Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Москва
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд
Дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳамоиши «Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон» баргузор гардид
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Раиси иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси Душанбе даъват шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
Масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳон бо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардид
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед