Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон таҷлил гардид

Ноябрь 6, 2025 15:35

ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бахшида ба таҷлили 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар қабули ин санади тақдирсоз таъкид намуда, инчунин аз иродаи қавии мардуми тоҷик дар роҳи бунёди сутунҳои устувори давлати демократӣ, дунявӣ ва ягонаи муосир ёдовар гардид.

Сипас, кормандони Сафорат ба ҳозирин маълумоти мухтасар дар бораи таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридшавии тағйиру иловаҳо ба он ва хусусиятҳои барҷастаи санад пешниҳод намуданд, ки дар он асосҳои ташаккули рукнҳои пойдори давлатдорӣ ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрванди кишвар тавзеҳ ёфтаанд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон

 

Ноябрь 6, 2025 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд