Бар асари обхезӣ дар шарқи Афғонистон 9 нафар ҳалок ва ҳафт нафар маҷруҳ шуданд

Июль 27, 2023 11:10

ДУШАНБЕ, 27.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари обхезӣ дар вилояти Парвони шарқи Афғонистон 9 нафар ҳалок ва 7 тани дигар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус  рӯзи чаҳоршанбе намояндаи расмии ҳукумати вилоят Ҳикматуллоҳ Шамим хабар додааст.

Мувофиқи гуфтаи ӯ, баъд аз зуҳри рӯзи сешанбе сел якчанд рустои ин вилоятро фаро гирифта, 200 хона, 1000 гектар замини кишт, 36 километр роҳ, чанд канали обгузарро тахриб ва даҳҳо ҷонварро нобуд намудааст.

Хадамоти обуҳавошиносии Афғонистон рӯзҳои наздик афзоиши бориш ва обхезиро дар баъзе минтақаҳои кӯҳистон пешгӯӣ мекунад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

           АКС аз манбаъҳои боз

Июль 27, 2023 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад