«БОЗОРИ ҲУНАРМАНДОН». Дар Ҳисор дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2023» намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Бозори ҳунармандон» даври шаҳрии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» оғоз гардид.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ додааст.
Кишоварзону саноатчиён, косибону зардӯзон, чеварону дуредгарон, кадбонуҳою қаннодон ва намояндагони дигар касбу ҳунарҳои мардумӣ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимӣ намунаҳои дастранҷи худро ба маърази тамошои ҳакамони озмун гузоштанд.
Ҳамзамон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангии омоданамудаи ғолибоне, ки ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд, доир гардид. Санъаткорону ҳаваскорон дар 12 номинатсия ҳунарнамоӣ карда, маҳорати баланди касбӣ нишон доданд.
Иброз гардид, ки озмуни мазкур барои баланд бардоштани маърифати фарҳангии шаҳрвандон ва дарёфти чеҳраҳои нав дар ҷодаи ҳунару фарҳанг ба роҳ монда шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор















«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






