Дар Душанбе Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳанги ноҳияи Ашт баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 22 июл дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи «Ҷавонон»-и пойтахт намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии ноҳияи Ашт доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар намоиш маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили гӯшт, помидор, картошка, пиёз, бодаринг, зардолу, тухм, тарбуз, харбуза, асал, себ, шафтолу, олоуболу ва ғайра бо нархи арзон нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шуд, ки сокинони пойтахт аз он харидорӣ намуданд.
Дар намоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар намоиш-фурӯш ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маҳсулоти гуногун хаймаҳои зиёд ороста, анвои гуногуни маҳсулот ва ҳунармандон маҳсули дастони худро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод намуданд.
Сипас, барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Ашт ва ситораҳои санъати тоҷик намоиш дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ, Нуробод, Кӯшониён ва ғайра намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.
Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.
АКС: АМИТ «Ховар»






















Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






