Дар Ҳиндустон бар асари зарбаи барқ ду нафар ҳалок ва чаҳор нафар маҷруҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар иёлати Мадҳя-Прадеш, воқеъ дар қисми марказии Ҳиндустон бар асари зарбаи барқ ду нафар ҳалок ва чаҳор нафар маҷруҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи якшанбе пулиси Ҳиндустон хабар додааст.
Ҳодиса дар ноҳияи Баксваҳаи ноҳияи Чҳатарпур, тақрибан дар километри 247-уми самти шимолу шарқи Бҳопал- пойтахти маъмурии иёлат рух додааст.
Шоми шанбе дар иёлат боронҳои шадид ва раъду барқ ба амал омаданд.
Дар давраи боронҳои муссонӣ дар Ҳиндустон ҳодисаҳои бо зарбаи барқ алоқаманде рух медиҳанд, ки ҳар сол боиси марги шумораи зиёди одамон мешаванд.
Тавре расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба маълумоти яке аз вазоратҳои федеролӣ иттилоъ медиҳанд, танҳо соли 2022 дар саросари давлат 907 нафар аз зарбаи барқ ҳалок шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






