Дар кӯчаи ба номи Абуалӣ Синои ноҳияи Восеъ хати интиқоли оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифт
ВОСЕЪ, 30.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи ба номи Абуалӣ Синои ноҳияи Восеъ хати интиқоли оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ додааст.
Дар маросими ифтитоҳи он Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бо мақсади таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ бо ибтикори мақомот ва маблағгузории соҳибкорони маҳал чоҳи амудӣ бо чуқурии 118 м ва хати интиқоли оби нӯшокӣ ба масофаи 4 км дар маҷмуъ ба маблағи беш аз 487 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур барои таъмин намудани сокинони кӯчаҳои ба номи А. Сино, А.Дониш ва Душанбе- дар маҷмуъ 434 хоҷагӣ бо оби нӯшиданӣ пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоту технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон