Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 135 тонна маҳсулот пешниҳоди сокинони Душанбе гардонида шуд

Июль 17, 2023 15:35

ДУШАНБЕ, 17.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 15-16 июл намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Панҷакент, ноҳияи Рашт, шаҳри Норак, шаҳри Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ноҳияи Хуросон  баргузор гардида, зимни он ба сокинону меҳмонони пойтахт аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мазкур беш аз 135,7 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони шаҳру ноҳияҳои номбурда ба сокинону меҳмонони пойтахт картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг, себ, ангур, шафтолу, зардору, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, гӯсфанд ва мурғ, шир, меваи хушк, лӯбиёгиҳо, асал, тухм, равған, макарон ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор 25-30 фоиз арзон пешниҳод гардид.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки 22 июл намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияи Ашт дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон», намоиши ноҳияи Нуробод дар Боғи Кӯдакон ва намоиши ноҳияи Кӯшониён дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳамчунин 23 июл намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, намоиши ноҳияи Файзобод дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Хайём» ва намоиши ноҳияи Восеъ дар Боғи кӯдакон доир карда мешавад.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, дар ин намоиш-фурӯш ноҳияҳои мазкур маҳсулоти кишоварзии худ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, себ, нок, шафтолу, зардолу, меваи хушк, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, гӯсфанд, мурғ ва дигар маҳсулоти озуқавориро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахти мамлакат менамоянд.

Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумию барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор,  Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов,  Спитамен, Шаҳринав, Панҷ ва дигар шаҳру ноҳияҳо намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат  баргузор намуданд.

Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбад.

 Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2023 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд