Дар ноҳияи Сангвор аз ҷониби кормандони «Амонатбонк» тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ амалӣ мегарданд

Июль 20, 2023 15:58

САНГВОР, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор оид ба сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти истифодаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва хизматрасонии фосилавӣ  машварат гузаронида шуд.  Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор хабар доданд.

Дар машварат доираи васеи сохторҳои давлатӣ, фаъолони ҷамоати шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони ташкилоти буҷетӣ ва ғайрибуҷетии шаҳр иштирок доштанд.

Мудири филиали КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Сангвор Бахтовар Раҷабов  иброз дошт, ки «ҷиҳати  иҷрои  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз ҷониби кормандони «Амонатбонк» дар ноҳияи Сангвор дар шаш моҳи аввали сол дар байни аҳолии деҳот бо кормандони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва корхонаву идораҳои ноҳия корҳои ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида шуданд. Мақсад аз баргузории вохӯриҳо- баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолии шаҳраку деҳот, мутахассисону кормандони ташкилоту идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад.

Филиали КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Сангвор дорои ду маркази хизматрасонии бонкӣ, 20 POS-терминал дар марказҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии бонк   мебошад. Бонки мазкур ба зиёда аз 4800 мизоҷ тариқи кортҳои пардохтӣ хизмат мерасонад, ки аз ин шумора 300 адади он корти фарогир мебошад. Дар самти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба шаҳрвандоне, ки кортҳои пардохтӣ доранд, тавассути замимабарномаи «Амонатмобайл», барномаи «Фронт-офис» ва барномаи «Интернетбонк» хизмат расонида мешавад. Ҳамчунин мувофиқи нақша ба сокинони ноҳия 1500  корти фарогир тақсим карда мешавад.

Шаҳрвандоне, ки корти фарогир надоранд, онҳоро низ мутахассисони бонк мувофиқи хоҳишашон бо корт таъмин карда истодаанд. Дар айни замон беш аз 67 фоизи аҳолии ноҳияи Сангвор  бо ин гуна кортҳо таъмин мебошанд.

Ҳамин аст, ки дар шаш моҳи соли 2023  дар филиали  «Амонатбонк»-и ноҳия зиёда аз 4 миллиону 500 ҳазор   сомонӣ  пардохтҳо  тариқи ғайринақдӣ анҷом дода шудаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор

 

Июль 20, 2023 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст