Дар Роштқалъа маконҳои таърихӣ дубора барқарор мешаванд

Июль 4, 2023 11:30

ХОРУҒ, 04.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бостоншиносони тоҷик дар ноҳияи Роштқалъа зиёда аз 60 маконҳои таърихиро муайян намуданд, ки 14 ададашон боқимондаҳои тӯпхонаҳо, бошишгоҳҳо ва қалъаҳо буда, маъруфтаринашон -Роштқалъа, Синдевқалъа, Шошбувадқалъа ва Ҷавшангоз ба шумор мераванд. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи бештари сайёҳон дар ояндаи наздик барқарорсозиии қалъаи Роштқалъа, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, ба нақша гирифта шудааст.

Корманди масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рошткалъа Ҷовид Хушқадамов ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки «пас аз эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия аҳамияти хос равона гардида, аз тарафи олимон тадқиқоти иловагӣ анҷом дода шуд. Барои навсозии ин ёдгориҳои таърихӣ лоиҳаҳо таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд. Ҳамаи ёдгориҳои таърихии ноҳия имрӯз зери таваҷҷуҳ ва ҳимояи давлат мебошанд. Дар гузашта бисёр маконҳои таърихӣ тахриб шуданд, сангу чўбашон барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ истифода мешуд».

«Баъзе аз қалъаву маконҳои бостонӣ бо мурури замон бар асари зилзила, барфу борон аз байн рафтанд. Дар кунҷу канори маркази ноҳия қалъаҳои кучак, аммо хеле қадима ба мисли қалъаҳои Барев, Хинвод, Чакарқалъа, Борикакқалъа мавҷуд буданд, ки ба сабаби офатҳои табиӣ комилан хароб гардиданд. Роштқалъа нисбат ба дигар маконҳои таърихии ноҳия агарчӣ қисман тахриб шуда бошад ҳам, деворҳои бархе аз биноҳо ҳанӯз ҳам побарҷоянд»,-афзуд Ҷовид Хушқадамов.

Ба гуфтаи доктори илмҳои бостоншиносӣ, профессор Мира Бубнова, бунёди қалъа ба асрҳои 7 мелодӣ рост омада, дар асрҳои 19 қисман барқарор гаштаст.

Аз рӯи иттилои ҷаҳонгарди рус Граф Бобринский, ки соли 1902 ба Бадахшони Тоҷикистон сафар намудаст, қалъа пурра он замон дар шакли аввалааш вуҷуд дошт ва дорои манзилҳои истиқоматӣ низ будаст.

Сокинони куҳансоли деҳаи Роштқалъа мегӯянд, ки то солҳои 30-юми асри гузашта, ҳатто манораи қалъа ҳам вуҷуд дошт. Пас аз он як қисми деворҳои қалъа барои бунёди биноҳои маъмурии ноҳияи Роштқалъа, ки соли 1936 таъсис ёфтаст, истифода бурданд. Дар қисмати шарқии он биноҳои истиқоматӣ бунёд карда шуданд. Бо дахолати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа харобшавии баъдинаи қалъа боздошта шуд.

Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик қалъа дар шакли пешинааш барқарор гашта, ба яке аз маконҳои таърихӣ ва тамошобоби ноҳия табдил ёфта, ҳамин тавр таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин макон бештар хоҳад шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 4, 2023 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад