Дар шаҳри Кӯлоб шумораи корхонаҳои парандапарварӣ зиёд мешавад
КӮЛОБ, 30.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб корҳои сохтмонӣ дар корхонаи парандапарварии ҶДММ «Исмоилиёни Бурҳон» дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, тибқи нақша дар ин корхона танҳо мурғи гӯштӣ парвариш мешавад.
Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод.
Тавре таъкид мешавад, баъди ба истифода додани корхона дар марҳилаи аввал имкони парвариши аз 60 то 80 ҳазор сар мурғ мавҷуд аст. Дар айни замон дар биноҳои асосӣ таъмир пурра ба анҷом расида, таҷҳизоти зарурӣ дастрас ва насб гардидаанд. Ҳамзамон корҳои тармим, сарсабз намудани атроф ва мумфарш гардонидани ҳавлии корхона идома доранд.
Бояд таъкид намуд, ки дар шаҳри Кӯлоб фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Саман» фаъолият дорад, ки дар он дар як шабонарӯз бештар аз 30 ҳазор дона тухм истеҳсол мешавад. Дар айни замон барои афзоиш додани саршумори мурғҳои тухмӣ чӯҷаҳои махсус парвариш ёфта истодаанд. Роҳбарони корхона ният доранд, ки истеҳсоли тухмро дар як шабонарӯз то ба 50 ҳазор дона расонанд.
Корхонаи мазкур пурра ба шароити имрӯза мутобиқ буда, таҷҳизот ба таври автоматӣ фаъолият менамоянд. Дар корхона 23 нафар фаъолият намуда, маоши миёнаи кормандон 1500 сомониро ташкил медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






