Дар шимоли Италия бар асари ҳавои номусоид беш аз 100 нафар маҷруҳ шуд

Июль 22, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари ҳавои номусоид ва тӯфони шадиду жола, ки дар минтақаи Венетои Италия пас аз гармии сахт ба амал омад, беш аз 100 нафар маҷруҳ шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» иттилоъ додааст, дар ин хусус  рӯзи панҷшанбе роҳбари ин минтақаи шимолӣ Лука Дзая хабар додааст.

«Теъдоди афроде, ки рӯзи чаҳоршанбе бар асари жола ва афтидани пораҳои шишаи шикаста ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, ба 110 нафар расид. Бори дигар ба наҷотдиҳандагон ва намояндагони хадамоти техникӣ, ки фавран ба одамон кумак расониданд ва дар ин лаҳзаҳо низ корро идома медиҳанд, аз ҷумла бо назардошти хисороти расида ба минтақа изҳори сипос менамоям», — гуфт Дзая.

Тавре  қаблан ҳам рух медод, баъди гармии ғайримуқаррарӣ, ки аз рӯзи якшанбе инҷониб дар Апеннин муқаррар шуда буд, дар минтақаи Доломитҳо тӯфони борону жолаи шадид ба амал омад. Ба маълумоти хадамоти минтақавии обуҳавошиносии Венето, вазиши шамол дар бархе ҷойҳо то ба 140 км/соат расида, тақрибан ба 30 бино хисорот расонид, ки нисфи онҳо бе бом мондаанд. Бисёре аз сокинон маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд, барқ ​​ва телефон қатъ шуд. Дзая дар ноҳияҳои бештар зарардида вазъияти фавқулода эълон намуд.

Дар ҳоле, ки шаҳрвандон дар шимолу шарқи Италия хисороти аз  борон ва жола расидаро ҳисоб мекунанд, сокинони манотиқи марказӣ ва ҷанубии кишвар аз гармии ғайримуқаррарӣ, ки тӯфони “Харон” аз Африқо ба Апеннин овардааст, ранҷ мекашанд. Ҳафтаи равон дар ҷазираҳои Ситсилия ва Сардиния ҳаво тақрибан дар ҳама ҷо то 45 дараҷа гарм шуд, авҷи гармои то 46,7 дараҷа низ сабт шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 22, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд