Дар Тоҷикистон ҳавои пурчангу ғубор ва омадани сел то 21 июл боқӣ мемонад

Июль 18, 2023 09:54

ДУШАНБЕ, 18.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 19 то 21 июл бо сабаби омилҳои метеорологӣ аз навоҳии ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба мамлакат чангу ғубор ворид мешавад. Дар ин муддат дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷанубу марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ ва ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд афзудани олудагиҳо дар ҳаво ба андозаи  10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5) дар назар аст.

Аз 18 то 19 июл дар якчанд ноҳияҳои вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бар асари об шудани пиряхҳо хатари омадани сел боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидорӣ ва шикор эҳтиёт намоянд.

Сокинони навоҳии кӯҳистону доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикии соҳили дарёҳо бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хошок тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 18, 2023 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад