ДУ АМАЛИЁТИ НАҶОТ. Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ кӯҳгарди маҷруҳро наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июл, тахминан соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ пас аз анҷоми корҳои мураккаби ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ, ки ду рӯз идома ёфтанд, кӯҳнавард-шаҳрванди 36-солаи Беларусро ба шаҳри Душанбе интиқол доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита хабар медиҳад.
Дар фурудгоҳи Айнӣ кӯҳнавардро табибони госпитали ҳарбии Кумита пешвоз гирифта, бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи «Истиқлол»-и пойтахт бурданд. Вазъи ӯ миёнаи вазнин арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 20 июл наҷотдиҳандагони Кумита бо истифода аз техникаи махсус ба макони «Москвин»-и ноҳияи Лахш расида, бо ҳавопаймои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзеи афтидани кӯҳнавард то масофаи 10 километр пиёда рафта, ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ расониданд. Кӯҳнаварди беларус азм доштааст танҳо ба қуллаи «Исмоили Сомонӣ» барояд. Дар натиҷа ӯ 19 июл ҳангоми кӯшиши баромадан ба ин қулла аз баландӣ ба чуқурӣ афтидааст. Дар натиҷаи афтидан се қабурғааш шикаста, узвҳои дарунӣ дар дараҷаҳои гуногун осеб дидаанд.
Бояд гуфт, ки наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду амалиёти ҷустуҷӯиро барои наҷоти шаҳрвандони хориҷие ба роҳ монданд, ки ҳангоми фатҳи қуллаҳо дар ноҳияи Лахш ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мушкил рӯ ба рӯ шуда буданд.
20 июл ду нафар гардишгарони хориҷӣ аз тариқи телефони моҳвораӣ тамос гирифтанд. Онҳо шаҳрвандони Британияи Кабир Майкл Алан Фоуйлер, соли таваллудаш 1956 ва Симон Андрев Ятес, соли таваллудаш 1963 буданд, ки бино ба гуфтаи худашон, бо мақсади фатҳи қуллаи Патхор, ки дар қаламрави деҳаи Патхори Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ҷойгир аст, ба кӯҳ баромадаанд, вале бо сабабе сарозер шудаву сахт осеб дидаанд.
Тибқи дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, 10 нафар аз ҷумлаи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар Бадахшон барои кумаки фаврӣ ба кӯҳгардони зарардида ба қуллаи Патхор фиристода шуданд. Чун расидан ба ин қулла ба василаи чархбол аслан имкон надорад, наҷотдиҳандагонро зарур омад, ки аз аспҳо ва таҷҳизоти махсуси кӯҳгардӣ истифода карда, ба нуқтаи таъйиншуда наздик раванд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва шаҳрвандони хориҷӣ муроҷиат мекунад, ки қабл аз сафар ба маконҳои пурхатар, фатҳи қуллаҳо дар ҳайати гурӯҳҳои гардишгарӣ ҳатман бояд худро ба хадамоти наҷот номнавис кунанд. Кумита ба ҳеҷ ваҷҳ маслиҳат намедиҳад, ки ба танҳоӣ сайри кӯҳҳо равед.
Вале агар шумо ба танҳоӣ ба кӯҳ рафтед, пас ҳатман ба пайвандону хешонатон хабар диҳед, самти ҳаракат ва вақту соати ҳаракати худ, инчунин мақсади сафарро ҳатман бигӯед. Бо худ ҳатман либоси гарм, ғизо ва телефони мобилӣ гиред. Ва дар телефонатон ҳатман бояд рақами телефонҳои хадамоти наҷот сабт шуда бошад.
Ҳангоми ба ҳодисаи ногувор рӯ ба рӯ шудан ҳатман ба мақомоти марбута ва хешонатон хабар диҳед.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон