Фаъолияти ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли равон баррасӣ шуд

Июль 12, 2023 15:20

ДУШАНБЕ, 12.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 июл дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2023 баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 2807 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият мекунад, ки аз ин 1463 адад ба ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаву деҳот бо фарогирии 35% аъзо рост меояд. Шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 адад зиёд гардида, дар ин давра дар самти афзудани теъдоди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Қубодиён ва Муъминобод фаъолонокӣ нишон доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 шумораи аъзои ҳизб дар вилояти Хатлон ба 186 ҳазору 412 нафар расидааст, ки аз ин 93 ҳазору 960 нафар ё худ 50,4 дарсадро бонувон ва 60 ҳазору 149 нафар баробари 32,3%-ро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин давра дар ҳудуди вилоят 7 ҳазору 886 нафар ба сафи ҳизб қабул карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Таъкид гардид, ки мо ҳизбиён зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум пайваста идеяҳои наву созандаро рӯи кор оварда, дар амалисозии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ноил гардида истодаем.

Тазаккур дода шуд, ки самти асосии кори ҳар як ҳизби сиёсиро фаъолияти идеологӣ ва мафкурасозӣ ташкил медиҳад ва рисолати ҳизби сиёсӣ низ дар он ифода мегардад, ки то кадом андоза мардумро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафту шукуфоӣ раҳнамо месозад.

Тавре мушоҳида мешавад, баъзан кори гурӯҳҳои вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ на ҳамеша ба талаботи кори ҳизбӣ ҷавобгӯ мебошад. Вобаста ба ин аъзои кумитаи иҷроияи шаҳриву ноҳиявӣ, фаъолон, кумитаҳои иҷроия, ҳамчунин роҳбарони гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро мебояд, ки барои ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии маҳал дар ҳамбастагӣ амал намуда, бо баргузории вохӯриву суҳбатҳо бо мардум таклифу пешниҳодҳои онҳоро бо мақомотҳои гуногун ҳаллу фасл намояд.

Дар фарҷом барои фаъолияти пурсамар чанде аз фаъолони ҲХДТ аз шаҳру ноҳияҳо ва вилояти Хатлон бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин тибқи ҷамъбасти Рейтинги ҳизбӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун сазовори ҷойи сеюм, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ҷойи дуюм ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ҷойи якум гардид. “Ҷоми сайёри ҲХДТ” ба тими Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳри Бохтар тақдим карда шуд.

АКС аз Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар вилояти Хатлон

Июль 12, 2023 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид