Геофизикҳо хабар доданд, ки алангаи Офтоб 18 июл боиси қатъ шудани алоқаи радиоӣ дар рӯи Замин гардид
ДУШАНБЕ, 23.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 июл ду алангаи шадиди офтобии синфи М алоқаи кӯтоҳмавҷи Заминро қатъ кард. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Хадамоти гелиогеофизикии Институти геофизикаи амалӣ хабар додааст. 18 июл ҳамагӣ чор маротиба алангаи синфи М рух додааст.
Дар айни замон мониторинги обу ҳавои кайҳонӣ нишон медиҳад, ки дар сайёраи мо шуруъ аз шоми 17 июл андаке халалдор шудани майдони геомагнитӣ давом дорад.
Шуълапартоии Офтоб вобаста ба қувваи рентгенӣ ба панҷ синф тақсим мешавад: A, B, C, M ва X. Синфи минималии A0.0 ба қувваи радиатсионӣ дар мадори Замин 10 нановатт дар як метри мураббаъ мувофиқат мекунад. Ҳангоми гузаштан ба ҳарфи навбатӣ қувва 10 маротиба зиёд мешавад.
Одатан, алангазанӣ бо партовҳои плазмаи офтобӣ ҳамроҳ мешавад, ки абрҳои онҳо ба Замин расида, тӯфонҳои магнитиро ба вуҷуд оварда метавонанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: NASA / GettyImages








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






