Хазинаи байналмилалии асъор то 3% коҳиш ёфтани рушди иқтисоди ҷаҳонро дар солҳои 2023 ва 2024 пешбинӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 26.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯиҳо, рушди иқтисоди ҷаҳонӣ аз 3,5% дар соли 2022 то 3% дар солҳои 2023 ва 2024 коҳиш хоҳад ёфт, дар ҳоле ки рушди иқтисодиЧин соли 2023 5,2% ва соли 2024 4,5% бетағйир боқӣ хоҳад монд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус 25 июл Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хабар додааст.
Интизор меравад, ки сатҳи умумии таварруми ҷаҳонӣ аз 8,7% дар соли 2022 то 6,8% дар соли 2023 ва то 5,2% дар соли 2024 коҳиш ёбад. Коҳиши мунтазами таварруми асосӣ пешбинӣ шуда, пешгӯиҳои таваррум барои соли 2024 ба самти афзоиш дида баромада шудаанд.
Дар гузориш ишора шудааст, ки барои давлатҳои дорои иқтисоди пешрафта коҳиши пешбинишудаи рушд барои соли 2023 назаррас боқӣ мемонад — аз 2,7% дар соли 2022 то 1,5% дар соли 2023.
Тибқи пешгӯиҳо, дар 93% давлатҳои пешрафта соли 2023 он рушди пасттар хоҳад дошт ва соли 2024 ин нишондиҳанда дар сатҳи 1,4% боқӣ хоҳад монд.
Дар ИМА низ пешгӯӣ шудааст, ки рушди иқтисодӣ аз 2,1% дар соли 2022 то 1,8% дар соли 2023 коҳиш ёбад. Соли 2024 ин рақам то 1,0% коҳиш меёбад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Синхуа»








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
«Амонатбонк» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 гардид
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд






