Имрӯз дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияҳои Мастчоҳ, Файзобод ва Восеъ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 23.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияи Мастчоҳ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, намоиши ноҳияи Файзобод дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Хайём» ва намоиши ноҳияи Восеъ дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе доир карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии мамлакат.
Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумию барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар гардидааст.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, дар ин намоиш-фурӯш ноҳияҳои мазкур маҳсулоти кишоварзии худ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, себ, нок, шафтолу, зардолу, меваи хушк, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, гӯсфанд, мурғ ва дигар маҳсулоти озуқавориро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахти мамлакат менамоянд.
Дар намоиш-фурӯш аз ҷониби деҳқонони шаҳру ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи 25-30 фоиз арзонтар пешниҳод карда мешавад, аз ҷумла 1 кг картошка аз 4 то 4,50 сомонӣ, пиёз аз 1,80 то 2 сомонӣ, сабзӣ 3 сомонӣ, дигар намуди сабзавот аз 3 то 5 сомонӣ, гушти гов — 55 сомонӣ, 30 дона тухм — 27 сомонӣ, мевагӣ аз 2 то 5 сомонӣ, тарбуз 10-12 сомонӣ, равғани растанӣ (5 литр) — 65 сомонӣ, 50 кг орд — 210 сомонӣ нарх дорад.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ, Ашт, Нуробод, Кӯшониён ва ғайра намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.
Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






